Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дур шудан, забондонӣ, сину сол, ҷинсият, урфу одати миллӣ, ки хеле мураккаб мебошад.
Расми 1.
Омилҳои асосии муҳити байналхалқии менеҷмент Сиёсӣ - қонунӣ | Иқтисодӣ | Иҷтимоӣ - маданӣ Оромии сиёсӣ. | Инкишофи иқтисодӣ. | Арзишҳои иҷтимоӣ.
Қонунҳо, маҳдудиятҳо, | Бозори захираҳо ва мол. | Забон.
Имконоти милликунонӣ | Даромади аҳолӣ. | Дину оин.
Тарифҳо, квота ва андоз. | Инфрасохтураи | Алоқаҳои авлодӣ.
Терроризм ва | қурби пул. | Маълумотнокӣ.
вазъият | Шароити иқтисодӣ. | Вазъи психологии мардум
Лекин новобаста ба ҳамаи ин мушкилиҳо агар менеҷер қобилияти баланди кордонӣ, зиракӣ, зеҳни буррои қабул кардан ва ҳурмату эҳтироми урфу одат ва маданияти дигар халқҳоро дошта бошад, он гоҳ имкони менеҷери байналхалқӣ шуданро дорад.
Қобили самараноки менеҷер дар хориҷ нишонаи он аст, ки дар дараҷа, ё зинаи байналхалқӣ рафтори ин шахсият қабул карда шудааст ва ӯ метавонад, ки фаъолияти худро дар якчанд давлатҳои дигар давом диҳанд ва таҷрибаи пешқадами инкишофи менеҷментро ба худ дошта бошад. Бинобар ин дар дигар қисматҳои китоб мо ҳаракат менамоем, ки аз тарзу усули кордонӣ ва таҷрибаи ин менеҷерон мисолҳо биорем, то ки шумо аз он чизи лозимиро барои мукаммал гардонидани дониши худ пайдо созед.
3.5. Алоқамандии инкишофи идоракунии давлатӣ
ва менеҷмент
Таърихи пайдоиш ва инкишофи давлатдорӣ ва шаклу усули идоракунии давлатҳо қариб 7-ҳазор сол пеш оғоз гардида, зиёда аз 5-инқилоби идоракунӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ гузаштааст.
Ибтидои ташаккулёбии идоракунии давлатӣ, ки дар таърихи башар сабт
шудааст ба ҳазорсолаи 5-уми то солшуморӣ мо рост меояд, ки дар Шумери

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё