Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

баровардан мумкин аст, ки ташкилоте, ки дар масштаби калон кор мекунад, бояд аз рӯи қоидаҳои глобалӣ амал кунад. Яъне менеҷерони ин ташкилот бояд қобилияти глобалии фикр карданро дошта бошанд. Агар натавонанд, ба ҷои онҳо дигарон фикр мекунанд ва ин ташкилот бозорро аз даст медиҳад ва ба коми ширкати калони пешравон фурӯ меравад.

Аз ин нуқтаи назар фикрронии глобалии менеҷмент корхона — ширкатро ба зинаи баланди рақобат мебарад.

Мисол, аввали солҳои 2000-ум раиси шӯрои директорони ширкати Ford Motors, Флекс Тротман пайдоиши Ford-2000-умро эълон кард, ки системаи глобалии тағйироти менеҷмент бояд компанияро ба як организми калони глобалӣ мубаддал гардонад, ки Ford имрӯз автомобили класси миёнаи «модели глобалӣ» дар Европа, маркаи «Mondeo» ва дар Амрико бошад «Ford Contour» ва «Mercury Mystigue» мебарорад. Ё ин ки мисоли дигари стратегияи глобалии ташкилоти «Colgate», ки муваффақияти калонро соҳиб гаштааст, ташкилот дар 194 бозори ҷаҳонӣ иштирок карда, мақоми бақувват дорад, махсусан дар Амрикои Лотинӣ, Осиё, Африқо, Аврупои Шарқӣ ва Шарқи Наздик.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки инкишофи менеҷмент баробари инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ пеш рафта, вазифа ва функцияҳои худро дигаргун месозад.

Мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дараҷаи гуногуни инкишофи иқтисодӣ доранд. Асосан онҳоро вобаста аз даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  1. Давлатҳои тараққикарда.
  2. Давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода.

Дар ҳар ду ҳолат низ муҳити соҳибкорӣ ва бизнеси байналхалқӣ ба омилҳои зерини иҷтимоию иқтисодӣ гирифтор мешаванд, ки ба бурду бохти ширкат ё худ ташкилот дар ин ё он давлат таъсир мерасонад.

Ҳамин тариқ, менеҷмент дар хориҷа як шакли нави фаъолияти идоракуние мебошад, ки дар худ хусусияти хоси идорӣ, таваккал ва зирракиро талаб мекунад. Вақте ки менеҷер ба кор қабул карда мешавад, бояд вай донад, ки пеш аз ҳама ба як қатор проблемаҳои шахсӣ гирифтор мешавад. Махсусан, барои мардуми Шарқ, бахусус тоҷикон дур аз Ватан будан, аз падару модар

пешина
аз 465
навбатӣ