Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар ҳақиқат, дар як-ду дақиқае, ки Шумо ин мисраъҳоро мехонед, аллакай фикру нақшаи сохтани корхона, молиягузорӣ, бизнес-стратегия, пойафзол ва костюми «Reebok», хизматҳои он ба воситаи интернет, телефон, факс, почта, роҳҳои ҳавоию баҳрӣ, оҳану автомобилӣ дар тамоми курраи замин паҳн мешавад. Мисол, асосгузори фирмаи амрикои «Federal Express» стратегияи глобалии худро тартиб дода, шиори «Ҷаҳони саривақт»-ро пеш гирифт, ки бояд дар як шаб ба тамоми Амрико почта расад. Чунин як стратегия тез тарафдорони худро пайдо карда дар тамоми ШМА тез паҳн шуда, компания фоидаи хеле калон ва эътибору нуфуз ба даст овард. Лекин чунин як амалро Ф.Смит хост дар хориҷ дар Аврупо иҷро кунад, ки кораш омад накард.
Системаи марказонидашудаи почтаи ШМА барои Аврупо қабул нагардид. Ҳаракатҳои зиёди ин компания, ки дар давоми 5 сол, 1,5 млрд. долларо ташкил дод, соли 1992-юм маҷбур шуд, ки Аврупоро тарк гӯяд, чунки урфу одат ва маданияти мардуми Аврупо ба монандӣ хоҳиши шабона кор накардан, ба хона ҳама чизро наовардан нагузоштаанд, ки фирмаи амрикоии «Federal Express» амал кунад.
Бинобар ин дар вақти интихоби стратегияи корхона, дизайн ва шаклу усули иҷрои кор омилҳои муҳими маданӣ ва рафтори одамон дар навбати аввал бояд ба назар гирифта шавад. Масалан: компанияи Монтанти Кембрич шакли нави велосипедҳои кӯҳгарди катшавандаро дар ШМА фикр карда мебароянд. Истеҳсолашро дар Тайван ба роҳ мемонад, фурӯмаш асосан дар Аврупо сурат мегирад.
Ахбор ва гуфтушунид оид ба тағйир додани дизайн, конструкция ва дигар проблемаҳо якчанд маротиба дар як рӯз дар байни се корхонае, ки дар се минтақаи ҷаҳон ҷойгир аст, гузаронида мешавад.
Имрӯз касе худро аз олами беруна ҷудо ҳисоб карда наметавонад. Ҳатто агар корхонаи шумо дар дохили як шаҳр мол барорад, ҳам пагоҳ моли шуморо корхонаҳои калонтарини Англия, Ҷопон, Олмон омада мехаранд.
Мисол: фақат ҷопонҳо ҳар сол то 200 компанияҳои хурди амрикоиро мехаранд. Аз гуфтаҳои боло шумо мумкин хулоса баровардед, ки дар оянда кор кардани стратегияи глобалӣ барои ширкати «Federal Express» хато намебошад? Чунки маълум шуд, ки ширкат маблағи зиёдро аз даст дод. Пас хулоса

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё