Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат гардидааст. Аз дигар тараф дар мавриди истифода аз компютер қариб аксари коргарон дар ҷараёни идоракунӣ иштирок мекунанд ва ин хоҳ нохоҳ ба пурра ҷорӣ гаштани қоидаи демократикунонии идоракунӣ оварда мерасонад. Имрӯз демократикунонии идоракунӣ ва иштироки омма дар идоракунӣ қариб дар тамоми ҷаҳон воқеӣ мебошад. Аллакай дар Аврупо, Амрико ва Ҷопон қариб аксарият қабул доранд, ки демократикунонии ягона шакли самараноки идоракунӣ дар оянда ба ҳисоб меравад.

Дар ҳақиқат тағйирот дар доираи соҳибкорӣ ва шартуу шароити нави ташкили хоҷагидорӣ дар аввали асри XXI вазифаҳои муҳимеро дар назди илм ва омӯзиши фанни менеҷмент мегузорад.

Дар чунин як ҳолат функцияи менеҷер ҳамчун субъекти менеҷмент тағйир меёбад. Акнун вазифаи асосии менеҷер ин фаҳмидан ва дарк карда тавонистани равандҳои нави фаъолияти корхона ва аз ҳама масалаи муҳим чӣ тавр ӯ ҳунари худро дар шароити суръати баланди ивазшавии муҳит ҷорӣ ва истифода карда тавонад. Бояд менеҷер ба талаботи зерин ҷавоб гуфта тавонад:
аз назорати маъмурӣ даст кашидан ва истифодаи шаклҳои нави назорати идоравӣ; кам кардани аппарати идоравӣ ва аз байн бардоштани сохторҳои таркибии зиёдатӣ; инкишоф ва баланд бардоштани рӯҳияи коргарон ба кор ва корхона; қабул кардани мақом ва мавқеи саҳҳомон дар корхона; фаъолият кардан дар доира ва зинаи ҷавобгарии иҷтимоӣ; тоқат овардан ба таъсири қувваҳо ва проблемаҳои иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва экологӣ.

Иҷрои ин талаботро менеҷменте иҷро карда метавонад, ки агар дар ҳайати он менеҷерони касбии стратегияи инкишофи мадани илмӣ, рафтору кордонии маданӣ ва муносибати хуби одамӣ дошта бошад.

Бо саволи он, ки омӯзиши бизнеси байналхалқӣ дар илми менеҷмент кадом мақомро мебозад? Чунин ҷавоб додан мумкин аст, ки агар шумо қобилияти фикррониро дар дараҷаи байналхалқӣ надошта бошед, шумо дар бораи менеҷмент чизеро дарк карда наметавонед.

пешина
аз 465
навбатӣ