Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

омадааст: давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз он ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Иқтисоди бозорӣ — асоси хоҷагидории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он моҳият ва арзишҳои маданияти миллӣ, урфу одат ва хусусиятҳои хоси табиию географӣ ва демографӣ қадр карда мешаванд.

3.4. Асосҳои иҷтимоию иқтисодии менеджмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ

Нимаи дуюми солҳои 90-уми асри XX-ум давраи глобализатсияи иқтисодӣ буда, қариб тамоми ҷаҳонро, аз он ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст.

Иқтисодиёти аксари мамлакатҳо дарҳои кушода, барои молҳо ва хизматҳо доранд, новобаста ба он, ки дар кадом мамлакат истеҳсол карда мешаванд ва кӣ истеҳсол менамояд. Чунин як вазъият ташкили корхонаҳои байналхалқӣ, ташкили филиалҳои корхонаҳоро дар якчанд давлатҳо ба вуҷуд овардааст.

Ин тағйиротҳо дар назди илми идоракунӣ як қатор вазифаҳо ва проблемаҳои навро ба миён овардааст. Муҳимтарини ин проблемаҳо:

интихоби қонуниятҳо, шаклу усул ва хусусиятҳои хоси идоракунии умумибашарӣ;

интихоби тарзи усули фаъолияти корхона вобаста аз шароитҳои ҳар як давлат;

интихоби шакли хуби фаъолияти содиротии корхонаҳо;

хусусияти хос, тарзу усул ва маданияти миллӣ;

рафтори башарии ҳар як халқу миллат;

мувофиқ шудан ба шароитҳои табиию географии маҳал.

Хусусияти дигари хоси менеджмент дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ, ин ба инкишоф ва истифодаи компютер ва воситаҳои электронӣ мебошад. Истифодаи пурраи навигариҳои техникии электронӣ дар аксари корхонаҳои калони давлатҳои пешқадам боиси фоидаҳои калони чандинқарата гашта, технологияи компютерӣ ва истифодаи компютер дар идоракунӣ ягона роҳи

пешина
аз 465
навбатӣ