Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Усули табақабандӣ, ташкилоте, ки воситаи асосии идоракунӣ дар асоси қоидаи «ҳукмрон ва тобеъ» сурат гирифта, таъсиррасонӣ ба одамон аз боло бо роҳи маҷбуран ташкил карда шуда, тақсимот ва назорати воситаҳои моддӣ аз боло муайян мегардад.
-
Усули маданӣ, ки дар асоси хоҳишу талаботи ҷамъият сурат гирифта, дар он меъёрҳои иҷтимоӣ, арзишҳои гурӯҳӣ, меъёрҳои рафторӣ, ритуалҳо, ки одамонро маҷбур месозад, ки аз доираи ин меъёрҳо берун набароянд.
-
Усули бозорӣ баробарҳуқуқии уфуқӣ дар асоси хариду фурӯши мол ва хизматҳо сурат гирифта, муносибатҳои моликиятдорӣ, талабот ва таклифоти бозорро дар бар мегирад.
Ин се усуле, ки дар боло овардем, қариб дар ҳама давру замон вуҷуд доранд. Валекин муҳимаш он аст, ки ин усулҳо то чӣ андоза дар идоракунӣ истифода карда мешаванд, кадом усул бисёртар дида мешавад, вобаста аз ин хусусияти ташкили ҷамъиятии иқтисодиёти ин ё он мамлакат, соҳа, корхона муайян мегардад.
Асоси системаи маъмурӣ ва фармондиҳии ҷамоаи сотсиалистӣ ин усули табақабандии идоракунӣ буд, ки хислати умумӣ дошт. Дар баробари ин усул, боз усули маданӣ низ бо роҳи иҷрои вазифаи идеологии партияи коммунистӣ аъзогии партия ва воситаҳои ахбори умум, маориф ва маданият бо ном «маданияти коммунистӣ» истифода мешуд, ки аксари маврид иерархияи идоракунӣ худ ин қоидаҳоро вайрон мекард.
Солҳои 80-уми асри ХХ системаи маъмурӣ - фармондиҳии сотсиалистӣ ва идеологияи он ба зиддияти инкишофи рушди илмию техникӣ ва ҳуқуқу имкониятҳои башарӣ дучор гардид. Дар чунин як давра прогресси илмию техникӣ давлатҳои ҷаҳон са суръати баланд пеш рафта, шахсиятҳои бузурги таърихӣ инчунин шахсони соҳибмоликиятро ба миён меоранд, ки дар натиҷа чунин як пешравии сифатӣ нагузошт, ки ҷамъияти сотсиалистӣ дар чунин шакл вуҷуд дошта бошад. Акнун шароити техникӣ ва озоди истифодаи қобилияти шахсон ва додани имконот ба ҳамаи одамон барои зиндагии моддии хуб фароҳам омадааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Сарқонуни соли 1994, ҳамчун давлати
озоди ҳуқуқбунёди дунявӣ шинохта шудааст. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро
шаклҳои гуногуни моликият, ташкил медиҳанд. Дар моддаи 12-и Сарқонун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё