Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

«зарбдори меҳнати сотсиалистӣ», «зарбдори мусобиқаи сотсиалистӣ»-ро гирифта буданд.

Солҳои охири Шӯравӣ дар Тоҷикистон идоракунии коллективҳо, бисёртар дар асоси мусобиқаҳо ва иҷроиши нақшаҳои давлатӣ сурат мегирифт, ки аксаран қоидаи ҳавасмандкунии маънавиро дошт, нисбат ба иқтисодӣ.
Натиҷагирӣ бо роҳи додани ҳар гуна дипломҳо, нишонаҳо, байрақҳо ва медалҳо анҷом меёфт, ки оҳиста-оҳиста ҳаваси мардум оиди ин гуна мусобиқаҳо ва мотивиятсияи кор суст шудан гирифт.

Дар ин давра психология ва сотсиология дар Тоҷикистон аз идоракунӣ дур монданд. Дар бораи сотсиология тамоман фаромӯш карда буданд, ба ҷои он материализми таърихӣ пайдо гашта буд.

Ба сотсиология ва психология муҳандисӣ баъдан охири солҳои 80-ум диққат доданд ва проблемаи «инсон ва ташкилот» аз тарафҳои гуногун ба таври зайл омӯхта мешуд:

модели алоқамандии байни одамон ба муҳити дохила ва берунаи
корхона;

омӯзиши равандҳои иҷтимоию психологии воридшавии одамон ба
коллективи корхона ва мақому рафтори он дар ҷараёни истеҳсолот;

омӯзиши хусусиятҳои психологии алоқаи шахсони алоҳида дар гурӯҳҳои
расмӣ ва ғайрирасмӣ;

тадқиқоти алоқамандии баландбардории ҳосилнокии меҳнат вобаста аз услубу тарзи идоракунии одамон ва ғайра.

Ҳамин тариқ, даҳсолаи 80-ум дар таърих ва барои ҳамаи халқҳои ҷаҳон давраи «маданияти ташкилӣ» ҳамчун воситаи асосии идоракунӣ шинохта шуд.
Махсусан, мардуми Ҷопон ин усулро хеле самаранок дар корхонаҳо ва идоракунии давлатӣ истифода мебаранд.

Имрӯзҳо аксари америкоиҳо, олимони назариявӣ дар чунин ақидаанд, ки маданияти ташкилии идоракунӣ баробари ташкили идоракунии корхона вазн дошта, ба рафтори одамон дар корхона таъсири калон мерасонанд.

Ҳамин тариқ, аз сарчашмаҳои илмӣ ва амалия маълум мегардад, ки то имрӯз се васоити асосии идоракунӣ ҳамчун воситаи таъсир расонидан ба одамон истифода шудааст.

пешина
аз 465
навбатӣ