Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дуглас Мак-Грегор назарияи ду шакли рафтори одамонро дар кор муайян карда, вобаста ба ин ду шакли идоракуниро кор карда баромадааст.
Ин назарияи «Х» ва «У». Аз рӯи назарияи «Х» - одамон дар ин ташкилот аз аввал танбал буда, аз кори иловагӣ мегурезанд ва ҳамон вақт кор мекунанд, ки онҳоро маҷбур месозанд ва идора мекунанд.
Аз рӯи назарияи «У» - кор барои одами солим ҳамчун талабот буда, менеҷер бояд, ки шароити меҳнатӣ ташкил намояд, то коргар талаботи физиологии худро ва баъдан талаботи рӯҳонии худро таъмин карда тавонад.
Ҳамин тариқ, усули «рафтори башарӣ» дар идоракунии ШМА чунон инкишоф ёфт, ки на фақат соҳаи саноат, балки тамоми соҳаҳои идоракуниро фаро гирифтааст. Вазифаи асосии менеҷер дар ин ҳолат аз он иборат аст, ки шаклу усули таъсир расонӣ ба коргар дар асоси илми «рафтори башарӣ» пайдо карда, кор ва фаъолият намояд.
Дар давлати Россия бошад, яке тарафдорони услуби иҷтимоӣ дар идоракунӣ Н.А. Витке мебошад, ки концепсияи «иҷтимоию меҳнатиро» пешниҳод карда, асоснок менамояд.
Бо ақидаи Н.А. Витке идоракунӣ як раванди сарбастае мебошад, ки бо воситаи функцияҳои маъмурӣ идора карда мешавад. Вобаста аз пирамидаи идоракунӣ, ҳар қадар аз рӯи иерархия боло равад, ҳамон қадар ҳиссаи фаъолияти маъмурӣ зиёд гардида, ҳиссаи идоракунии техникӣ кам мешавад.
Маъмурият бояд, ки асосгузорони муносибатҳои инсонӣ дар коллектив бошанд. Барои ин муҳити хуби иҷтимоию психологиро пайдо созанд.
Мувофиқи ақидаи Н.А. Витке ҳайати идоравӣ бояд ба як қатор талаботи зайл ҷавобгӯ бошад:
интихоб карда тавонистани ҳайати табақаи поёнии идоракунӣ;
тақсимоти аниқи ҳуқуқи вазифа ва хизмати онҳо;
муайян кардани мақсади аниқ ва ҳамоҳангсозии кори итоаткунандагон;
назорат карда тавонистан.
Дар мамлакати собиқ Шӯравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил буд, давраи мактаби рафтори башарӣ дар нақшаи панҷсолаҳои якум, ки мардум бо як ғайрат ва боварӣ ба ҷамъияти нави Шӯравӣ кор мекарданд дуруст меояд. Чунин як ҳаракат қариб то солҳои охири Шӯравӣ солҳои 80-ум бо худ шиори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё