Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
нисбат ба Ф. Тейлор, Э. Майо қайд мекунад, ки коргар табиатан танбал нест ва агар барои ӯ шароити заруриро муҳайё созем, он гоҳ вай ҳам қобилияти кордӯстӣ ва ташаббускории худро нишон медиҳад.
Чунин як ақидаҳои нав ба он водор мекунад, ки дар илми идоракунӣ боз проблемаҳои муносибати байни коргарон, муносибати одамонро ба кор ҳамчун шахс бо сифатҳои иҷтимоию психологӣ, маданию миллӣ омӯзем.
Бо чунин хулосаи илмӣ доктори сотсиология Мэри Паркер Фоллет (1868-1933) меояд, ки яке аз аввалинҳо шуда, моҳияти менеҷментро ҳамчун “таъмин намудани иҷрои кор бо ёрдами шахси дигар” номидааст.
П. Фоллет қайд мекунад, ки барои самаранок кор кардани менеҷер вай бояд аз рафтори рӯякии муносибати коргарон даст кашида, бояд пешвои онҳо бошад. Доимо вобаста аз ҳолат қарори мустақилона қабул карда тавонад, на ин ки вобаста аз функцияи идоракунӣ, ки мувофиқи стандарт навишта шудааст.
Менеҷер бояд доимо фикри ташаккули коллективеро кунад, ки дар гирди ӯ бошанд. Муҳити дӯстию бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва ба якдигар кӯмак расониданро пайдо созад. Чунин як омил имконият медиҳад, ки натиҷаи меҳнат якчанд карат зиёд гардад. Ҳамин тариқ, нуқтаи асосиро дар омӯзиши илми идоракунӣ на ин ки раванди истеҳсолот, балки одамон ва рафтори онҳо мегирад.
Давраи «бихевиористӣ» дар менеҷмент сар мешавад. Бихевиоризм — калимаи англисӣ (behaviour - рафтор) ҳамчун равия дар психологияи амрикоиҳо аввали солҳои асри XX пайдо шуда, предмети омӯзиши менеҷерҳое шуданд, ки масъалаҳои рафтори коргаронро оид ба ҳавасмандкунии гуногуни корӣ меомӯхтанд.
Аз нимаи дуюми солҳои 30-юми асри XX ба ин мактаби муносибатҳои башарӣ «консепсияи рафторӣ» илова шуд. Дар инкишофи ин консепсия олимони амрикоӣ Абраҳам Маслоу ва Дуглас Мак Грегор (1906-1964) саҳм гузоштаанд.
А. Маслоу «Назарияи талабот»-ро кор карда баромадааст, ки баъдтар ҳамчун «пирамидаи талабот» ном гирифтааст.
Дар ин назария талаботи одамро ҳамчун пирамида, ки асосаш талаботи вазифаи менеҷер мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё