Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Баъди ба анҷом расидани ҷанги якуми ҷаҳон давраи калони бӯҳрони иқтисодии солҳои 1929-1933 қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифт.
Таҷриба ва назарияи классикии илми идоракунӣ натавонист, ки баландбардории ҳосилнокии меҳнатро таъмин намояд.
Таҷрибаи роҳбарӣ нишон дод, ки акнун тарзу усули идоракуниеро истифода бояд бурд, ки ғайр аз шакли хуби ташкили истеҳсолот, истифодаи техника ва технологияи нав, инчунин ёфтани роҳҳои ҳавасмандии коргарон, пайдо намудани ташаббус ва ғайратро пайдо карда тавонад.
Дар нимаи дуюми солҳои 20-уми асри XX дар ШМА корҳои тадқиқотию илмиро доир ба идоракунӣ, на ин ки фақат муҳандисон ва иқтисодшиносон, балки сотсиологҳо ва психологҳо низ сар карданд. Равияи нави илмию тадқиқотии сотсиологияи муҳандисӣ пайдо шуд.
Асосгузорони ин равияи илмӣ олимони америкоии Ф.Ҷ. Ретлисбергер, У. Мур, франсуз Ж. Фридман ва дигарон буданд.
Роҳбарии ин равияро, ки номи “мактаби муносибатҳои башарӣ”-ро гирифтааст, профессори донишгоҳи Гарвард Элтон Мэйо (1880-1949) чунин менависад, ки ин мактаб, ҳамчун мактаби мухолифин ба мактаби тейлоризм ба вуҷуд омадааст.
Э. Мэйо, мутахассиси шинохта дар соҳаи менеҷмент буда, якчанд эксперименти илмиро дар ташкилоти “Вестерн электрик”-и амрикоӣ мегузаронад, ки баъдтар номи “Озмоишгоҳи Хоуторин” ном гирифтааст. Натиҷаи корҳои тадқиқотии Э. Мэйо имкон доданд, ки фикру ақидаи идоракуниро ба тарафи одамон ва тарафи иҷтимоии равандҳои истеҳсолӣ гардонанд. Инчунин ба мақоми коллектив дар кори хуби корхона баҳои баланд дода шудааст. Хулосаҳои Э. Мэйо чунин мебошад:
тақсимоти пурраи давраҳо ва қисматҳои ҷараёни корӣ ва музди меҳнати баланд на ҳама вақт ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад;
қувваи дохилаи алоқаи коллектив, ё худ гурӯҳ аз қувваи роҳбар дида, тавонотар аст;
рафтори одамон дар вақти кор ва натиҷаи он бисёртар аз шароити иҷтимоӣ ва муносибати байни коргарон ва менеҷер вобаста аст;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё