Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Таъсири маданият ва урфу одати миллӣ ба рафтори менеҷерон ва сохтори ташкилии корхонаҳо.

  2. Роҳҳои гузаштани маҳдудиятҳои миллӣ ва ташкили командаҳои мултимаданӣ. Асоси ин қисматро тарбияи пешвоён, мотивасия ва қабули қарордоди идоракунӣ ташкил медиҳад.

  3. Имконоти истифодаи усули интернатсионалӣ дар гуфтушунидҳо, ҳалли масъалаҳои моҷаро ва гр.

Н. Адлер қайд мекунад, ки барои пешвои байналхалқӣ шудан шахс бояд ҳамаи хислатҳои мотиватсионӣ дар ҳолати тағйир ёфтани ҳолатҳоро дошта бошад. Мисол чунин унсурҳо: Оё русҳо монандӣ арабҳо тоқати интизоршавиро дар вохӯрӣ доранд? “Оё арабҳо гуфтушунидро мисли америкоиҳо мегузаронанд? Не албатта”. Доимо бояд як чизро дар хотир дошта бошем, ки хориҷиён рафтор ва гуфтори моро дигар хел қабул карда баҳо медиҳанд.

Ё ин, ки мардуми Бразилия аксари маврид калимаи “не” истифода мекунанд. Америкоиҳо бошанд, ваъдаи зиёдеро. Агар шумо дар Рим бошед, бояд монанди румиҳо рафтор намоед.

Ғайр аз ин як гурӯҳи олимон дар он ақида мебошанд, ки дар тамоми ҷаҳон ҷараёни конвергенсияи менеҷерон ба миён омадааст, ки рафтори онҳо дар ҳама давлатҳо якхела мебошанд.

Гурӯҳи дигари олимон ҷараёни баръаксро қайд мекунанд.

Рақобати глобалии иқтисодӣ, пайдоиши ҷараёни мигратсионии давлатҳои хориҷӣ имрӯз талаб мекунад, ки корхонаҳо ва менеҷерони онҳо бо коргарони миллатҳои гуногун кор карданро омӯзанд.

Аз тарафи дигар идоракунии давлатии низ характери иҷтимоӣ-байналмилалиро мегирад. Ҳамчун доираи фаъолияти касбии мураккаб идоракунӣ объекти омӯзиши фанҳои сотсиология, политология, психология, ташкили маъмурӣ, информатикаи иқтисодӣ дар асри XXI гардидааст.

3.3. Мактаби муносибатҳои башарӣ ва таъсири рафтори одамон

Пайдоиши фикру ақоиди нав дар соҳаи идоракунӣ, асосан бо болоравии соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан саноат вобастагии калон дорад.

пешина
аз 465
навбатӣ