Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Зарурияти чунин як услуби нави идоракунӣ дар он аст, ки дар байни назария ва амалияи идоракунӣ масофаи калон ба миён омадааст. Назарияи идоракуние, ки дар асоси қоидаҳои универсалӣ ташкил карда шудааст, вазъиятҳои аниқро дар таҷрибаи хоҷагидорӣ ба инобат нагирифтааст, бинобар ин услуби нави идоракунӣ бо мақсади баланд бардоштани роли идоракунӣ дар ҳалли амалии проблемаҳои объектҳои идоракунӣ баланд бардоранд.
Солҳои охир корҳои зиёди илмӣ ва китобҳои методӣ оид ба инкишофи концепсияи мақсаднокии идоракунӣ аз чоп баромадаанд, ки бартарияти асосии онҳо — амалишавандагии назария дар идоракунии ҳаррӯза мебошад.
Аз нигоҳи дигар ин фалсафаи нави идоракунӣ мебошад, ки равандҳои гуногуни идоракуниро якҷоя карда, маслиҳатҳо ва пешниҳодҳои аниқро оид ба ташкилӣ ва навоварӣ дар бар мегирад. Системаи “идоракунӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият” дар аксари корхонаҳои Финляндия ҷорӣ карда шудааст ва нишондиҳандаҳои мусбат низ ба даст овардаанд.
Таҷрибаи хориҷа нишон медиҳад, ки концепсияи нави менеҷмент дар асоси “Назардошти назария ва амалияи идоракунӣ” сурат мегирад. Яке аз раванди ислоҳоти идоракунӣ ин беҳтар намудани шаклҳои суннатии идоракунӣ ва дохил намудани унсурҳои “назорати электронӣ”-ро меноманд.
Ҷараёни ғайримарказонии идоракунӣ, кам кардани миқдори роҳбарон қариб дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад. Дар баробари он мақоми идоракунии стратегӣ ва истеҳсолӣ меафзояд. Корхонаҳо мустақилона худашонро ба шароити нав мувофиқ мегардонанд ва ин концепсияи “худомӯзиши ташкилот” ном гирифтааст.
Ҳамин тариқ, дар инкишофи назария ва амалияи менеҷменти истеҳсолот як қатор равандҳо мушоҳида шудааст:
- Концепсияи ташкилоти омӯзанда.
- Концепсияи сохтори уфуқии идоракунӣ.
- Концепсияи ғайримарказонидани идоракунӣ.
Профессори амрикоӣ Адлер Нэнси дар асарҳои худ (солҳои 1997; 1991) нуқтаи назари наверо пешниҳод мекунад, ки мувофиқи он замоне омадааст, ки мо бояд ҳудуди миллии концептуалӣ, назария ва амалияи менеҷментро аз байн бардорем. Омӯзиши Адлер аз се қисмат иборат мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё