Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
услуби системавӣ ва вазъияти идоракунӣ, ки асоси риёзӣети татбиқӣ дорад, истифода карда мешавад.
Ҳар як системаи хоҷагидории ташкилот, ё корхона маҷмӯи системаи мураккабе мебошад, ки дар як модели идоракунӣ ҷойгир намудан мушкил аст. Бинобар ин онҳоро ба се зерсистема гурӯҳбандӣ мекунанд.
илмию техникӣ;
истеҳсолию иқтисодӣ;
иҷтимоӣ.
Усули системавии омӯзиши идоракунӣ талаб менамояд, ки ҳамаи равандҳои идоракунӣ дар алоқамандии якдигар омӯхта шавад. Инчунин омилҳои табию географӣ, миллию маданӣ, дину оин фаро гирифта мешаванд.
Пешбинӣ - ин омӯзиши ҳолати ояндаи объектҳои алоҳида ва тағйирёбии онҳо баъд аз як давраи муайян мебошад.
Пешгӯй - ин тасдиқ намудани ҳолати ояндаи ин, ё он объект, ё пешгӯй кардани ягон ҳодиса.
Ояндабинӣ - дар асоси омӯзиши илмӣ амалӣ гашта, доир ба тағйирот, пешравӣ, ё ин ки таъсири омилҳои дохилӣ ва беруна барномаҳо тайёр мекунанд. Нишондиҳандаҳои ин барномаҳо барои қабули қарори идоракунӣ истифода карда мешавад.
Яке аз хусусияти фарқкунандаи концепсияи нави менеҷмент ин услуби вазъиятии менеҷмент мебошад. Инчунин услубе мебошад, ки унсурҳои зеринро дар бар мегирад:
идоракунӣ ҳамчун ҷараёни банақшагирӣ, ташкили ҳамоҳангсозӣ, баҳисобгирӣ ва назорат;
усули миқдории идоракунӣ (модели қабули қарордод ва тадқиқоти фаъолият);
усули бихевиористӣ (назарияи рафтор, мотиватсия, афзоиши гурӯҳӣ);
усули системавӣ (назарияи умумии система, таҳлили системавӣ ва ахборӣ).
М. Мескон, М. Алберт, Ф. Хедоури дар китоби "Асосҳои менеҷмент" усули ҳолатиро ҳамчун концепсияи идоракунии ҳолатҳои аниқӣ, ҳамчун роҳи самараноки ба мақсад расидан номидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё