Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
назарияи мақсадҳои бисӯратарафа буда, стратегияи глобалии инкишофи фоида мақсади асоси нест;
назарияи оптималикунонии фоида;
оптималикунонии фоида дар асоси мувофиқгардонии сохтори ташкилии корхона;
оптималикунонии функцияҳои асосии менеҷмент.
3. Консепсияи нишонагирии мақсаднок - мақоми аввалиндараҷа доштани функцияи мақсадноки идоракунӣ дар нисбати банақшагирӣ, ташкилӣ, назорат ва мотивация.
Асоси консепсияи замонавии менеҷментро дар шароити иқтисоди бозорӣ равона кардани фаъолияти корхона барои омӯзиши талаботи бозор оид ба ҳар як намуди мол алоҳида, тартиб додани барномаҳо ва пешгӯӣ ба моли алоҳида, кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани намуди нави мол, тезонидани суръати талабот ва гирифтани фоидаи баланд мебошад.
Натиҷагирӣ чун услуби системавии омӯзиши идоракунӣ, ҳамчун як “дониши кулл” барои менеҷерон ва роҳбарон шарт ва зарур мебошад. Дуруст истифода карда тавонистани қонуниятҳои диалектикии боҳамзидҳо, гузариши миқдор ба сифат, қонунияти биологию техникию технологӣ ва ташкилию иқтисодӣ имкон медиҳад, ки қарори идоракунии пурра қабул карда, чорабиниҳо барои иҷрои он пешниҳод карда шаванд.
Яке аз раванди консепсияи нави менеҷмент идоракунии хоҷагидорӣ мебошад. Мувофиқи методологияи имрӯзаи менеҷмент омӯзиши муҳити дохила ва берунаи корхона раванди асосӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин барои ба мақсад расидан, солҳои охир равияи нави илми идоракунӣ - менеҷменти стратегӣ инкишоф ёфтааст, ки асосашро пешгӯиҳои илмӣ ташкил медиҳад.
Бо ақидаи файласуфи фаронсавии Огюст Конт, "донистан барои пешгӯӣ кардан аст, пешгӯӣ барои идора кардан аст".
3.2. Хусусияти хоси консепсияи нави менеҷмент
Хусусияти хоси менеҷмент дар замони ҳозира аз он иборат аст, ки мафҳумҳои асосӣ, категорияҳои иқтисодӣ, назарияи идоракунӣ бо назари нав, ё ин ки аз нигоҳи омӯзиши амиқ, ё пурра баҳо дода мешаванд. Пеш аз ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё