Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муҳити корӣ нисбат ба зиёд кардани музди кор бисёртар вобастагӣ дорад. Чунин як равияи концепсияи менеҷмент дар аввали солҳои асри ХХ-ум авҷ гирифта, то имрӯз дар менеҷменти корхонаҳои Ҷопон ва давлатҳои Аврупои Ғарбӣ истифода карда мешавад.

IV. Концепсияи илмии инкишофи рафтори одамон — аз солҳои 60-ум ибтидо мегирад. Ин концепсия бо худ тадқиқоти зерини иҷтимоиро дар бар мегирад: мотивиятсия, характери ҳукмронӣ, обрӯ, сохтори ташкилӣ, коммуникатсия, пешво, тағйирёбии мазмун ва сифати кор. Мақсади асосии концепсия — кӯмак расонидани ба коргарон дар фаҳмонда додани имконоти шахсии онҳо бо роҳи истифодаи илм дар бораи рафтори одамон, ташкил ва идоракунӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, чор концепсияи инкишофи менеҷмент барои беҳтар намудани стратегияи инкишофи корхонаҳо бо мақсади гирифтани фоида равона карда шудаанд.

Дар шароити имрӯза моҳияти асосии назарияи идоракуниро дар масоили алоқамандӣ бо муҳити беруна, ба ҳисоб гирифтани тағйирёбии фаъолияти корхонаҳои рақиб ва ориентатсияи корхона ба муҳити нав равона карда шудааст.

Асосан се концепсияи менеҷменти корхонаҳоро ҷудо мекунанд.

  1. Концепсияи мутобиқгардонӣ (адаптатсия).

  2. Концепсияи глобализатсияи стратегӣ.

  3. Концепсияи нишонагирии мақсаднок.

  4. Стратегияи концепсияи мутобиқгардонӣ ба ҳаёти воқеии корхонаҳо равона карда шудааст, яъне таъсири мутаносиби қувваҳо бо назардошти муҳити беруна. Яъне тақсимоти истеҳсолот ва молҳо байни корхонаҳо, ки дар давлатҳои гуногун ташкил карда шудаанд, вобаста аз хароҷотҳои истеҳсолӣ арзиши қувваи коргарӣ, суръати афзоиши иқтисодӣ ва вазъи низоми сиёсӣ.

  5. Равияи асосии концепсияи глобализатсияи стратегӣ — ба оптималӣ гардидани фаъолияти корхона нигаронида шудааст. Дар ин равия асосан ба кор карда баромадани концепсияи ягонаи стратегияи корхона, ки барои фаъолияти оптималии корпорация равона карда шудааст шомил мешавад. Ин концепсия равандҳои зеринро дорад:

пешина
аз 465
навбатӣ