Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Манфиати ҷамъиятӣ аз манфиати шахсӣ бояд боло бошад — яъне манфиати роҳбари алоҳида бояд аз манфиатҳои корхона боло набошад.

  2. Ҳаққи музд гирифтан — ин музди меҳнат барои кори иҷрокарда, музди меҳнат бояд боадолотона буда, аз рӯи имконият талаботи коргаронро таъмин карда тавонад.

  3. Дараҷаи марказонидашуда. Ин қоида вобаста аз ҳолат ва вазъияти идоракунӣ қабул карда мешавад.

  4. Пайдарпайии роҳбарӣ — (иерархия) — пайдарпайии вазифаҳо аз поён то болоро меноманд.

  5. Тартибот — тартиботи мавод барои ҳар як корхона бояд маълум бошад. Формулаи тартиботи адолати иҷтимоӣ чунин мебошад: «ҷои муайян барои ҳар як шахс ва ҳар як шахс дар ҷои худаш».

  6. Адолатпарастӣ — ин сарчашмаи ҳавасмандии коргар барои иҷрои кор ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад.

  7. Ҳайати доимии коргарон — тез-тез иваз шудани кормандон нишонаи ташкили нодурусти кор дар корхона мебошад. Ташкилот ва корхона бояд ҳаракат намояд, ки бо коргарон ва менеҷерон вақти зиёд кор кунад.

  8. Ташаббускорӣ — додани имконот ва шароити озоди амалӣ гардонии фикру ақоидҳои нав.

  9. Ягонагии коллектив — коллектив набояд ба гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳо ҷудо шавад. Агар қувваи ягонаи корхонаро ба қисмҳо ҷудо намоем, он гоҳ қувваи шумо суст мегардад.

Давомдиҳандаи идеяи Анри Файол муҳандис-механик Г. Эмерсон мебошад ва баъдан шоҳи автомобили аввали асри XX Генри Форд мебошад.

III. Консепсияи идоракунии психология ва муносибатҳои инсонӣ. Тарафдорони ин консепсияи менеҷмент солҳои 30-50-уми асри ХХ якумин шуда муайян намуданд, ки менеҷмент ин «таъмини иҷрои кор ба воситаи ёрдами шахси дигар мебошад». Чунин тадқиқотро психологи амрикои Абрахам Маслоу (1908-1970) гузаронида исбот намудааст, ки мотиви асосии фаъолияти одамон на фақат қувваи иқтисодӣ, балки як қатор дигар талаботе низ мебошанд, ки бо воситаи пул таъмин карда наметавонем. Сухан дар бораи он меравад, ки ҳосилнокии меҳнат дар корхона аз муносибати байни коргарон ва менеҷерон ва

пешина
аз 465
навбатӣ