Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
бояд шаклҳои зерини фаъолиятро дошта бошанд:
техникӣ - иҷрои равандҳои истеҳсолӣ;
тиҷоратӣ - харидани ҳамаи он воситаҳое, ки барои истеҳсоли мол ва хизматҳо зарур мебошад;
молиявӣ - пайдо кардан, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ;
бухгалтерӣ - гузаронидани назорати оморӣ, сабти амвол, сохтани баланс ва ғайра;
маъмурӣ - таъсир расонидан ба коргарон;
муҳофизатӣ - ҳимояи одамон ва моликияти онҳо.
Ҳар як намуди фаъолият ба идоракунӣ зарурият дорад, ки дар асоси амалӣ гардонидани функцияҳои идоракунии банакшагирӣ, ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва мотивация иҷро мегарданд.
Консепсияи илмии идоракунии маъмурии Файол аз 14 қоида иборат мебошад, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардаанд:
-
Тақсимоти меҳнат - баландбардории ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби аниқ кардани вазифаҳои ҳар як коргар. Ҷараёни истеҳсолот бояд ба равандҳои алоҳидаи идоракунӣ ҷудо карда шаванд, ки истеҳсоли максимуми маҳсулотро таъмин карда тавонад.
-
Ҳукмронӣ ва ҷавобгарӣ. Ҳукмронӣ мазмуни ҳуқуқ ва қувваи фармон доданро дорад. Бинобар ин дар куҷое, ки ҳукмронӣ вуҷуд дорад, ҷавобгарӣ, додани мукофот, ё ҷазо низ бояд бошад.
-
Интизомнокӣ. Моҳияти интизомнокӣ дар он аст, ки иҷрои бечунучарои тамоми қоидаҳои ташкилӣ ва дастурамалҳои идорӣ. Самаранокии идоравӣ дар ҳама зинаҳо. Адолати идоракунӣ ва ҷазо барои вайронкунандагони тартибот. Тартибот дар кадом дараҷаи идоракуние, ки набошад, аз роҳбар вобастагии калон дорад.
-
Яккасардорию итоатгарӣ — дар иҷрои ин ё он фаъолият фақат як нафар бояд супориш диҳад.
-
Ягонагии роҳбарият - ин қоида, чунин мазмун дорад, ки як роҳбар, як барнома дорад, ки дар иҷрои ҳамаи фаъолиятҳо ба мақсади ягона оварда мерасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё