Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тейлор системаи ташкили илмии меҳнатро кор карда баромад, ки дар асоси панҷ қоида ҷорӣ карда мешавад:

  1. Интихоби илмии коргарон — Самаранокии истеҳсолот талаб мекунад, ки оид ба ҳар як намуди кор коргари мувофиқро бояд интихоб кард, то ки барои иҷрои кор қобилият дошта бошад. Барои муайян кардани қобилияти кордонӣ имтиҳони тестӣ месупоранд.
  2. Омӯзиши илмии меҳнат ва хонондани коргарон. Омӯзиши илмии вақти корӣ, ҳаракатҳо ва қувва бояд инкишоф дода шавад, ки имкони омӯзондан ва машқ додани коргаронро барои ба даст даровардани самараи максималӣ пайдо намоем.
  3. Махсусгардонии корҳо. Истеҳсолот бояд ба қисмҳо ҷудо карда шавад ва ҳар як коргар мутахассиси намуди хоси касби худ бояд гардад.
  4. Баланд бардоштани дараҷаи ҳавасмандии мотивасияи кор бо роҳи додани музди меҳнат.
  5. Тақсимоти одилонаи ҷавобгарӣ байни коргарон ва роҳбарон.

Консепсияи илмии идоракунии Ф. Тейлорро олимони дигари амрикои Френк Гилберт (1868-1925) ва Лилиан Гилберт (1878-1932) давом доданд. Корҳои ин олимон имрӯз «Мақоми захираи башарӣ дар идоракунӣ» ном гирифтааст.

Маҳз бо шарофати ин консепсияи менеҷмент ҳамчун соҳаи алоҳидаи илм шинохта шуда, функцияву вазифа ва услубу қоидаҳои худро ҳамчун илми иқтисодӣ доро мебошад.

II. Консепсияи идоракунии маъмурӣ — ин равия барои кор карда баромадани қоидаҳо ва проблемаҳои умумии идоракунии ташкилоту идораҳо равона карда шудааст. Мувофиқи ин консепсия дар солҳои 20-уми асри ХХ сохтори ташкилӣ-идоракунии корхонаҳо ҳамчун як системаи алоқаманду пайваста ташкил карда шуданд. Дар ин давра фаҳмиши идора кардани корхонаҳо аз рӯи системаи ташкилию идоравӣ пайдо шуд. Ин консепсия ҳамчун назарияи классикии идоракунӣ шинохта шудааст.

Асосгузори ин консепсияи менеҷмент олими фаронсавӣ Анри Файол (1841-1925) мебошад, ки дар илм ҳамчун «Падари менеҷменти илмӣ» шинохта шудааст. Файол қайд мекунад, ки мавҷудияти кадом ташкилоте, ки набошад

пешина
аз 465
навбатӣ