Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
3.1. Равандҳои асосии концепсияи нави менеҷмент
Дар аввали асри XXI дар истеҳсолоти ҷаҳонӣ пешравиҳои калоне ба вуҷуд омадаанд. Дар навбати аввал корхонаҳои калони саноатӣ пайдо гаштаанд, ки дар якчанд давлатҳо корхонаҳо ва филиалҳои худро дошта, дар онҳо даҳҳо ҳазор коргарон ва муҳандисон кор карда, техника ва технологияи мураккаберо истифода мекунанд.
Дар баробари ин таркиби коргарон низ дигар мешавад, яъне фаҳмиши коргари оддии бемаълумот қариб аз байн рафта истодааст, акнун аксари коргарон маълумотдор ва касбӣ буда, ҳамчун шахсият худро мешиносанд.
Дар чунин як шароит хоҳ нохоҳ менеҷмент концепсияи нави таърихиро ба худ мегирад, ки аз менеҷменти пешина дида куллӣ фарқ мекунад. Ин пеш аз ҳама тағйир додани сохтори ташкилии идоракунӣ, шарту шароит ва технологияи менеҷмент, инчунин конкретикунонии иҷроиши амалиётҳо, дигар кардани қоидаву шакли ҳавасмандии меҳнат мебошад.
Дар таърихи менеҷмент чор концепсияи асосии идоракунӣ, ки дар инкишофи илм ва таҷрибаи менеҷмент мақоми калон доранд, муайян карда шудааст:
❖ концепсияи илмии менеҷмент;
❖ концепсияи маъмурии менеҷмент;
❖ концепсияи психологӣ ва рафтори инсонӣ;
❖ концепсияи илмии рафтори одамон.
- Концепсияи илмии менеҷмент — асосан аз аввалҳои асри XX дар ШМА сар мешавад. Асосгузорони ин концепсия муҳандиси амрикоӣ Фредрик Тейлор (1856-1915) соли 1911 китобе бо номи «Қоидаҳои идоракунии илмӣ»-ро менависад, ки сарчашмаи пайдоиши менеҷмент ҳамчун илм қабул шудааст.
Тейлор менеҷментро ҳамчун илми ҳақиқие, ки асосашро қонунҳои аниқ, қоида ва принсипҳои банақшагирӣ ташкил медиҳад, ҳисоб мекард. Ӯ ба хулосае омад, ки идоракунӣ ин ихтисоси алоҳида мебошад.
Ташкилот ва корхона бурд мекунад, ки агар ҳар як гурӯҳи коргарон барои коре ҷамъ шаванд, ки онҳо бомуваффақият аз уддааш бароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё