Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ҳуҷҷатҳо ва дигар функцияҳои идоракуниро таҳия намудааст.
Проблемаи идоракуниро якумин маротиба дар Мисри Қадим фикр карда баромаданд. Мардуми Миср аввалин шуда зарурияти ташкили идоракунии фаъолияти одамонро, банақшагирӣ ва назорати иҷрои кор ва супоришҳоро ҳамчун функцияи идоракунӣ кор карда баромаданд.
Қоидаи универсалӣ будани идоракуниро ҳанӯз 400 сол қабл аз милод файласуфи бузурги юнонӣ Суқрот кор карда баромадааст.
Подшоҳи эрониён, ҳамзамони Суқрот — Куруши Кабир мегуфт, ки мо бояд сабабҳоеро омӯзем, ки одамонро барои фаъолият маҷбур мекунанд. Дар Юнони Қадим олимон ба омӯзиши тарзу усули иҷрои корҳо ва фаъолиятҳое, ки одамон бояд иҷро мекарданд, машғул буданд.
Файласуфи дигари юнонӣ — Афлотун қоидаи махсусгардонии фаъолиятро пешниҳод менамояд.
Саволе ба миён меояд, ки оё алоқамандии байни идоракунии давлатӣ ва менеҷмент вуҷуд дорад? Мантиқан ин калимаҳо бо ҳам монанд бошанд ҳам, дар асл ин ду мафҳум вобаста аз зинаи идоракунии макро- ва микроиқтисодӣ, қоида ва методи хоҷагидорӣ фарқ мекунанд.
Дар ҳақиқат фаҳмиш ва доираи фаъолияти идоракунии давлатӣ нисбат ба менеҷмент хеле васеъ мебошад, ки дар давлатҳои ИМА, Аврупо, Ҷопон қабул карда шудааст: идоракунии давлатӣ, бахусус идоракунии иҷтимоӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти одамон зоҳир мегардад.
Се соҳаи доираи идоракунӣ фарқ карда мешавад:
-
Идоракунии системаи мошин ва ё раванди технологӣ ва умуман идоракунии раванди таъсиррасонии одам ба табиат.
-
Идоракунии фаъолияти одамоне, ки ин ё он вазифаро иҷро мекунанд.
-
Идоракунии раванди физиологие, ки дар организмҳои зинда ба вуҷуд меояд.
Фарқияти асосии ин фаҳмишҳоро фақат олимон, мутахассисони идоравӣ ва таърихшиносоне, ки инкишофи илми идоракуниро меомӯзанд, хеле хуб ташхис кардаанд.
Зарур аст, ки мо ба пайдоиши мазмун ва мундариҷа, инчунин алоқамандию фарқияти ин ду мафҳум баррасӣ кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё