Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кардаанд, соатҳои дароз нависанд ва қориазёд кунанд. Чунин як усул аз нигоҳи менеҷмент нодуруст мебошад.

Бисёриҳо дар чунин ақидаанд, ки гӯш кардан ин маънои хомӯш истоданро дорад, ки ин фақат як қисми вазифаи гӯш кардан аст. Олимон исбот намудаанд, ки ҳангоми гӯш кардан одамон максимум то 25% материалро аз худ мекунанду халос.

Фаҳмиши дигар аст, ки гӯш карда тавонистани роҳбар нишони кори самараноки ӯ мебошад. Тадқиқотҳои пурсиши 1000 менеҷер нишон медиҳанд, ки аксаран чунин ҷавоб доданд: «Ба ман роҳбарам хеле маъқул аст, чунки ӯ маро гӯш мекунад», ё ин ки мегӯянд «Ман метавонам бо ӯ озодона сӯҳбат намоям».

Дигар ҳолатҳое, ки дар идоракунии табақаи миёна дида мешавад, роҳбари коргоҳ, ё сохтори таркибии истеҳсолӣ ба назди роҳбари корхона медарояд, асосан аз рӯи факту рақамҳо доир ба фаъолияташон сухан мегӯяд, ки аксар вақт дар китобчааш навишта шудааст. Вале, ҳангоме ки саволи берун аз мавзӯъ медиҳад ӯ худро якбора гум карда, сухан гуфта наметавонад. Шумо дар чеҳраи ӯ, ё ин ки ларзиши овози ӯ кадом ҳаросеро ҳис мекунед. Бинобар ин, роҳбар дар ин ҳолатҳо бояд бипурсад, ки «Кадом чизе шуморо ташвиш медиҳад?» ё ин ки «Шумо аз кадом коре дар ҳарос, ё хавотир ҳастед». Баъди ин суханҳо, роҳбари поёнӣ, ё худ коргар қадре ором шуда масъаларо бо шакли дигар мефаҳмонад.

Дар роҳнамои худ доир ба санъати гӯш кардан профессор Кит Дэвис 10 қоидаро пешниҳод менамояд:

  1. Хомӯш шавед. Якбора гӯш кардан ва сухан гуфтан ғайриимкон мебошад. Полоний (Гамлет) «Бигузор ҳама овозаи баланди шуморо шунавад, вале касе овози баландАТОНро нашунавад».

  2. Ба шахси сухангӯ нишон диҳед, ки шумо тайёред ӯро гӯш кунед. Яъне дар вақти сухангӯии ӯ ба чашмашон нигоҳ карда гӯш кунед, ҳаракатҳои зиёдатии нигоҳ кардани газераи болои миз, ё худ ба соататонро накунед.

  3. Сухангӯйро имкон диҳед, ки озодона сухан гӯяд. Яъне муҳити озод ташкил намояд.

пешина
аз 465
навбатӣ