Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

кунам?». Ҳарчанд ин ҷумла хеле ҳам ширин аст, вале аз амале, ки роҳбар дар аввал кард, аллакай маълум гашт, ки роҳбар на он қадар хоҳиши дидани шуморо дорад. Аммо ҳолати дигар, ки агар баробари шумо даромадан ӯ аз ҷой бархеста салом карда бипурсад, ки «ҳа, корҳо чи хел пеш рафта истодааст?». «Аз мо чӣ ёрдам зарур аст?» аллакай ин тамоман чизи дигар аст ва шумо якбора бо дили гарм ба сӯҳбат сар мекунед» ва ин хеле кушода, рӯйрост ва самаранок мебошад.

Омили дигаре, ки монеаи коммуникатсияи байни одамон мегардад маданият ва урфу одати миллатҳо мебошад.

Мисол агар шумо ҳангоми вохӯрӣ бо мардуми Ҷопон варақаи суроғаашро гирифта, якбора ба қиссатон гузоред, ӯро қаҳраш мебиёяд. Чунки бо чунин амал шумо гӯё ӯро одами нолозим ҳисобидед. Ин баробари сарзаниш мебошад. Ё ки мисоли дигар, мардуми Амрико аз рӯи табъатон бо шумо сӯҳбат мекунад.
Ҳангоми вохӯрӣ ҳатман бо ханда ба шумо сӯҳбат мекунад, ё ки дар вақти салом додан дар кӯчаю бозор низ бояд дар чеҳрааш ханда бошад. Агар ҳангоми салом ҳамсояаш саҳар чеҳраи хандон надошта бошад, даррав мепурсад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.

Маҳдудияти дигари самаранокии коммуникатсионӣ ин дар мавҷуд набудани робиtai мутақобил мебошад. Зарурати мубодилаи баръакс дар он аст, ки шумо аниқ намоед, ки дар ҳақиқат ахбори шумо, ки равон карда будед, дар ҳамон мазмуне, ки шумо мехостед, расидааст, ё не. Як қатор проблемаҳое мебошанд, ки ахбори шуморо нодуруст мерасонанд, ё ин ки намефаҳманд, ки дар боло қайд карда будем.

Коммуникатсияи самаранокӣ байни одамон ҳамон вақт сурат мегирад, ки агар ахбордиҳанда дар ҳарду маврид дар фикри худ истад. Аксар маврид як фикрро равон карда, дар вақти қабул тамоман дигар фикрро талаб мекунад, ё ин ки аз фикри аввалин худ даст мекашад, хусусан вақте ки ахбор даҳонӣ мебошад.

Қобилияти дигаронро гӯш карда тавонистан раванди хеле мураккаб буда,
на ҳар як роҳбар ин қобилиятро дорад. Системаи таълимии собиқ Шӯравӣ ва
ҳозираи Тоҷикистон чунин мебошад, ки мо бисёртар ба хондану навистан
диққат дода, ба гӯш кардан он қадар диққат намедиҳем. Ҳатто дар мактабҳои
олии Тоҷикистон то ҳол устодони донишгоҳҳо донишҷӯёнро маҷбур месозанд,
ки конспектҳои кӯҳнаи онҳоро, ки қариб мазмуну мундариҷаи худро гум

пешина
аз 465
навбатӣ