Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
гардони корхона афзудааст», шахси одӣ инро намефаҳмад. Ё ки роҳбар ба коргари худ мегӯяд «Агар ягон проблема пайдо шуд бо ман дар тамос бошед».
Дар ин ҷумла калимаи «проблема» бо кадом маъно омадааст. Маълум нест, кадом проблема?
Ҳамин тариқ, проблемаҳои мазмунӣ метавонанд, ки самаранокии коммуникатсиониро паст намоянд, бахусус ширкатҳо, ё худ фирмаҳое, ки дар якчанд давлат корхонаҳои худро доранд. Масалан, фирмаи «Ҷенерал моторс», вақте ки дар бозори Америкаи Лотинӣ якчанд партия мошинҳои модели «Чеви-Нова»-ро баровард, диданд, ки он миқдоре, ки мехостанд фурӯхта натавонистанд ва дар натиҷа маълум гашт, ки калимаи «Нова» бо забони испанӣ маънои «машина намегардад»-ро дорад. Ё ин ки мисоли дигар дар забони ҷопонӣ калимаи «Ҳай» - маънои «Ҳа»-ро дорад. «Ҳа» бошад дар навбати худ «Ҳа, ман шуморо мефаҳмам» аст. Лекин ин маънои онро надорад, ки рафиқи ҷопонӣ бо фикри шумо ризо мебошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки фарқияти семантикӣ монеаҳои маданӣ ва миллӣ низ доранд.
Монеаҳое, ки рӯирост маълум намегарданд монеаҳои ғайризабонӣ мебошанд. Яъне дар вақти сӯҳбат бо одамон мо аз баъзе ҳолатҳо маъқул кардан, ё накардан ё ки рост, ё дурӯғ гуфтани шахсро муайян менамоем.
Умуман, монеаҳои коммуникатсияи ғайризабонӣ вобаста аз рӯи чашм, ханда, абрӯӣ, рангу рӯй, нигоҳи сӯҳбаткунанда маълум мегардад. Инчунин монеаи дигар он аст, ки мо калимаҳоро чӣ хел талаффӯз менамоем. Агар бо лафзи ширин ва калимаҳои бо ҳоли пайваста гӯем ин як мазмун, вале агар бо суханҳои канда-кандаи нофаҳмо ва бо овози баланд гӯем, он гоҳ умуман самаранокии коммуникатсия гум мешавад. Мувофиқи тадқиқоти олимон 55% маълумотҳо аз рӯи чеҳраи шахс, ишора ва тарзи рафтору ҳолати ӯ қабул карда мешаванд, 38% маълумот бошад бо воситаи интонатсия ва оҳанги овоз қабул карда мешаванд, боқимонда ҳамагӣ 7% аз рӯи калимаҳое, ки мо мегӯем қабул карда мешавад.
Мисол Шумо ба кабинети роҳбари худ медароед ва мехоҳед, ки оиди
лоиҳае сӯҳбат кунед, ки шумо бо он кор мекунед. Аммо шумо вақте, ки
медароед мебинед, ки якчанд сония роҳбар варақҳои болои мизи худро аз назар
гузаронида, баъд ба соаташ нигоҳ карда ба шумо мегӯяд, ки «Чӣ хизмат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё