Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар ҳолате ки итоатгарии шумо як маротиба ба чунин ҳолат гирифтор мешавад, маротибаи дуюм дар гуфтушунид шумо қариб, ки 50% суханҳои ӯро намешунавед ва хоҳиши шунидан ҳам надоред. Ин ҳолатҳо ҳамчун сарчашмаи муносибатҳои нохуби байни роҳбар ва итоатгарии Шумо мебошад.
Дар вақти мубодилаи ахбор байни ду шахс, самараноки аз он иборат мебошад, ки онҳо нисбати якдигар чӣ хел муносибатҳои эҳтироми инсонии якдигарӣ доранд ва дуюм вобаста аз он ки дараҷаи қариб якхелаи фаҳмиши масъаларо доранд. Инчунин муваффақияти сӯҳбат дар он аст, ки боз кадом услуби сӯҳбат истифода карда мешавад. Олимон дар чунин ақидаанд, ки агар роҳбари корхона дар сӯҳбат чӣ қадар, ки кушода ва рӯирост сухан гӯяд, итоаткунанда низ бо ӯ озодона ва рӯирост сӯҳбат мекунад.
Монеаи мазмунӣ — дар вақти коммуникатсияи байни одамон аксари маврид роҳбарон калимаҳо ва ҷумлаҳои ширин истифода мекунанд, ё баръакс калима ва ҷумлаҳои дағал, инчунин ҳар гуна ишора ва овоз бо овози баланди ҳукмронӣ, ё худ бо овози ширини пурмазмун. Роҳбароне, ки аксаран бо овози баланд сухан мегӯянд, асосан дигаронро намешунаванд ва ҳатто намехоҳанд, ки фикру ақидаи онҳо муҳокима карда шаванд, дар натиҷа фикру ақидаи ӯ хуб қабул намегардад ва иҷро намегардад. Дар натиҷа, чунин роҳбарон доимо дар ҳолати эҳсосот буда, саломатии худро тез аз даст дода, ба касалӣ гирифтор мешаванд.
Бинобар ин барои бартараф намудани монеа роҳбар бояд кадом масъалае, ки набошад дар ҳолати оромӣ, бо гӯш кардани ҳамсӯҳбати худ ва фаҳмо ҳаллу фасл намояд, ки ин равияро дар коммуникатсия мазмун меноманд.
Мазмун гуфта, омӯзиш ва ё усули омӯзиши истифодабарии калимаҳо ва мафҳумҳое, ки ба воситаи сухан мерасад, дониста мешавад. Маълум аст, ки калимаҳо ва ишораҳо барои ҳар гуна одамон гуногун мебошанд. Умуман дар амал гуфтори халқӣ ҳаст, ки «Як сухан сесаду шасту шаш паҳлӯ дорад». Бинобар ин дар сӯҳбатҳои кории байни роҳбарони корхонаҳо аксар маврид «забони иқтисодӣ» истифода карда мешавад, ки на ҳар як шахси оддӣ ӯро мефаҳмад.
Мисол: Чунин ҷумлаҳоро мо агар аз сӯҳбати роҳбар биёрем: «Боздеҳи фондҳои асосӣ, асосан аз ҳисоби баланд шудани суръати гардиши воситаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё