Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

6.3. Коммуникатсияи байни шахсон ва проблемаҳои он

Ҳарчанд ки аксари фаъолияти корхона дар асоси ҳуҷҷатҳо ва воситаҳои ахбори сурат мегирад, коммуникатсияи байни одамон вақти зиёди менеҷерро (аз 50% то 90%) мегирад.

Дар ин шакли коммуникатсия як қатор проблемаҳое вуҷуд дорад, ки онҳоро мо бо гурӯҳҳои зерин ҷудо карда, меомӯзем:

  1. Қабули ахбор.
  2. Мазмун.
  3. Мубодилаи ахбори ғайрирасмӣ.
  4. Алоқаи бесифати баръакс.
  5. Бад гӯш кардан.

Фаҳмиши физиологии одамон чунин мебошанд, ки онҳо ҳодисаҳоро на ин, ки дар ҳақиқати реалӣ қабул мекунанд, балки бо ҳамон шакл ва дараҷае, ки ақли онҳо дарк мекунанд қабул менамоянд. Бинобар ин барои мо зарур мебошад, ки омилҳое, ки барои фаҳмиш ва қабули ахбор ба одамон таъсир менамоянд донем. Чунки барои роҳбар донистани ин омилҳо имкон медиҳад, ки монеҳо барҳам дода шаванд ва ҷараёни коммуникатсионӣ самаранок ба роҳ монда шаванд.

Яке аз монеаҳо дар вақти моҷарои одамоне, ки дар як системаи истеҳсолӣ кор мекунанд. Ҳар як роҳбари табақаи поёнӣ вобаста аз вазифа, дониш ва фаҳмиши худ як масъаларо бо маъниҳои гуногун метавонад пешниҳод намоянд. Ҳатто ҳодисаҳоро гуфтан мумкин аст, ки дар беморхона барои табобати як бемор дар байни табибони пуртаҷрибаи дараҷаи баланди илмӣ ва корӣ дошта, фикрҳои гуногун пайдо мешаванд ва дар натиҷа дарди бемор авҷ мегирад.

Дар ҳама ҳолат одамонро як унсури дигаре идора мекунад, ки дар чашми роҳбари доно бояд тез маълум гардад — ин ҳам бошад рафтори онҳо. Яъне агар шахсиятҳо дар баробари фаҳмиш ва дониши хуб доштан бо рафтори зарурии хуб онро мустаҳкам намоянд, он гоҳ ба мақсад мерасад. Чунин ҳолатҳо аз қабили ҳолати ҳаяҷон, ваҳму тарс, ба чашм нигоҳ накарда сухан гуфта, такрор ба такрор як чизро гуфтан, нофаҳмо ва тез-тез фикрро тағйир додан унсурҳое мебошанд, ки аллакай фикри ин шахсро қабул кардан номумкин аст.

пешина
аз 465
навбатӣ