Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Давраи сеюм — ин давраи расонидани ахбор ба истеъмолкунандагони он мебошад. Ин давраи бевосита аз як ҷой ба ҷои дигар гузоштани ахбор мебошад. Ин давраи хеле муҳим ва нозук мебошад. Яъне то чи андоза дар ин давра ахбор мазмуни худро гум накунад.

Проблемаи асосии ин давра аз он иборат аст, ки то минимум мо давраҳои додани ахборро кам намоем. Махсусан ахбори даҳонӣ агар аз 1-2-3 одам гузарад, қариб ки 100% мазмунашро гум мекунад. Барои ин мо бояд ба монеаҳои коммуникатсия дар роҳи ахбор шинос шавем, алоқаи баръакс ва монеаҳоро омӯзем.

Баъди қабули ахбор гирандаи он ахборро бо фаҳмиши худаш маънидод менамояд. Агар нишондиҳандаҳои ахбор ба шахси таъиншуда маълум бошад, зарурияти тарҷумаи мазмунӣ надорад. Лекин проблема дар он аст, ки ба он мазмуне ки ахбордиҳанда мехоҳад, ё мефаҳмад, мумкин қабулкунандаи ахбор бо ҳамон тарз нафаҳмад, ё ин ки нахоҳад бо чунин мазмун. Ахбор самараноқ ҳисоб карда мешавад, ки агар ҳарду тараф ба як хулоса биоянд.

Робитаи мутақобил гуфта, ҳолатеро меноманд, ки ахбордиҳанда ва ахборгиранда ҷойҳошонро иваз мекунанд. Аз тарафи дигар, ин нишонаи он аст, ки иҷрокунанда то кадом андоза барои иҷрои супориш тайёр аст, ё ин фаҳмишу донишаш барои ҳалли масъалаҳои муҳими идоракунӣ мерасад.

Чунин як ҷараёни коммуникатсия барои роҳбар унсури хеле ҳам зарурӣ барои донистани коргарони худ, характеру рафтори онҳо ва хоҳиши онҳо барои иҷрои кор чӣ тавр мебошад, муайян мекунад. Бинобар роҳбар бояд, ки робитаи мутақобилро дошта бошад.

Роҳбареро, ки аз робитаи мутақобил муҳофизат мекунанд, дар натиҷа аз коллектив дур монда роҳбариро аз даст медиҳад.

Дар вақти робитаи мутақобил яке аз проблемаи муҳим ин пайдо шудани дурӯғҳо дар ахбор. Сарчашмаи дурӯғҳо садди роҳи ахбор шуда, тарзи навиштани ахбор то мазмуни он дар ҳолате бисёртар мешавад, ки дар байни роҳбар ва коргарон монеаҳои зиёдати бюрократии роҳбарӣ бошанд. Чӣ қадаре ки табақаҳо зиёд бошад, ҳамон қадар мазмуни ахбор дигар мешавад.

пешина
аз 465
навбатӣ