Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
кунем, ин нодуруст мебошад, чунки дар дараҷаи дуюм ва сеюми идоракунӣ, ки бевосита иҷрокунандагон мебошанд, мо бояд кушоду равшан ва хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта фаъолият намоем.
Давраи дуюм ин маълумот ва интихоби бахши ахбор пеш аз он, ки ақидаро ба муҳокима равон намоем, мо бояд ӯро бо воситаи рамзҳо ва калимаҳое, ки истифода мекунанд ифода карда тавонем. Яъне забони ахбор ва тарзи додани он бояд пурра фикр карда шаванд.
Агар бахши ахбор ба ақида мувофиқат накунад, он гоҳ мубодилаи ахбор ғайрисамаранок мебошад. Мисол агар роҳбар хоҳад, ки ба коргар оиди хатогии дагале, ки дар вақти кор иҷро шудааст, дар вақти чойнӯшӣ ба ӯ мегӯяд, ё ин ки ба ӯ хатча менависад. Дар ин ҳолат он хоҳише, ки роҳбар дошт, оиди мубодилаи ахбор самаранок сурат намегирад, гарчанде ин хатои калон бошад, ҳам бо ин бахши ахбор коргар онро он қадар муҳим қабул намекунад. Аммо, вақте ки ин масъаларо дар мактуби расмӣ, ё ин ки дар ҷаласа қайд мекунад, аллакай самаранокии мубодилаи ахбор яку якбора хеле ҳам баланд мегардад.
Ҳамин тариқ, миннатдорӣ намудан, ё худ мукофонидани коргар низ чунин тарз сурат мегирад. Агар мо коргарро дар ҷамъомади калон, ё худ дар доскаи корхона бо номаш раҳматнома эълон кунем, хеле ҳам таъсири калон дорад, аз оне ки ба худаш гӯем, ё дар қоғазе навишта ӯро бо ягон бахш паҳн нанамоем.
Интихоби бахши ахбор бояд ягона набошад. Хеле хуб мебуд, ки агар мо ду ва зиёда бахшҳо ва воситаҳои коммуникатсиониро истифода мекардем. Чунки ахбордиҳанда бояд пайдарпай ва вақти равон кардани ахборро муайян намуда, якбора ҳам хаттӣ ва даҳонӣ додани ахбор аз фоида холӣ намебошад. Аксари тадқиқотчиёни бахши коммуникатсия дар он мебошанд, ки ахбори даҳонӣ ва хаттӣ якдигарро пурра мекунанд. Истифодаи ин ду бахш тайёрии пешакиро талаб мекунад, чунки ин мубодилаи ду бахши ахбор бояд бо ҳам мувофиқат намоянд. Агар шумо даҳонӣ як ахборро гуфта, дар шакли хаттии ахбори дигар мазмунро равон менамоед, он гоҳ ҳарду бахш низ ғайрисамаранок мебошад.
Ҳамин тариқ, мубодилаи коммуникатсионӣ ҳамон вақт самаранок ва иҷрошаванда мегардад, ки агар дар бахшҳои коммуникатсионӣ хеле хуб ҷойгузорӣ карда шуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё