Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
нуқтаро бояд фаромӯш накунем, ки ақида амалӣ намегардад, ё шакли ахборро намегирад, агар он мубодила нагардад.
Бинобар ин ахбордиҳанда пеш аз он, ки концепсияи пешниҳоди ахборро интихоб намояд вай бояд, ки якчанд омилҳоро ба инобат гирад. Мисол, вақте роҳбар мехоҳад, ки дар бораи фаъолияти кории корхона сӯҳбат гузаронад, вай бояд, пеш аз ҳама дар шакли конкрет нишондиҳандаҳои инкишофро, омилҳои таъсиррасониро ба инкишоф, инчунин шахсони алоҳидаро номбар карда тавонад, ки дар ин кор саҳми арзанда доранд. Агар ба ҷои ин ахбори пурмазмун, ахбори рӯякию суханҳои умумӣ бошад, он гоҳ ин ахбор ба гӯши коргарон намефорад ва ба ҷои он ки ин ҷараёни коммуникатсионӣ фоида биёрад, баръакс зарар расонида, боиси он мегардад, ки коргароне, ки хуб кор кардаанд, дилмонда шуда, дар оянда он қадар хуб кор намекунанд.
Роҳбаре, ки гумон дорад гӯё коргарони ӯ монандӣ кӯдакон ба роҳнамоию ислоҳкунӣ зарурат доранд, хатои калон намуда, ҳамчун роҳбар дорои ақидаи бюрократии нодуруст мешаванд, ки дар охир ба фаъолияти худи ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Дигар унсуре, ки дар давраи аввали мубодилаи ахбор сурат мегирад ва моҳияти хеле зарурӣ дорад. Ин ҳам бошад, тарзи пешниҳоди ахбор, яъне ҷумлабандии мувофиқи мантиқ ёфта гуфтани ахбор ба роҳбар. Ин ҳолат ҳикояи «Подшоҳ ва вазири доно»-ро ба хотир меорад, ки подшоҳ хоб мебинад, ки ҳамаи дандонҳояш рехтаанд. Саҳаргоҳ аз мушовири хеш тадбири хоб мепурсад, мушовир мегӯяд, ки подшоҳи мӯҳтарам тадбир чунин аст, ки ҳамаи хешу таборонатон пеш аз шумо мемуранд. Аз ин ҷавоб подшоҳ хашмгин шуда, ӯро ба зиндон мепартояд. Ва боз ин тадбирро аз вазири донояш мепурсад. Вазири доно дар ҷавоб мегӯяд, ки подшоҳи мӯҳтарам тадбир чунин аст, ки «Шумо аз ҳама хешу таборонатон дида бисёртар умр мебинед». Подшоҳ хеле хурсанд шуда, вазирро ситоиш карда, тӯҳфа медиҳад.
Роҳбароне, ки ахборро аз рӯи таъиноташ истифода карда наметавонанд, аз уҳдаи вазифаи худ намебароянд ва дар натиҷа роҳбарони болоӣ муносибаташонро дигар мекунанд.
Ҳолате дигар мебошад, ки роҳбарони болоӣ қоидаи маҷбуркуниро истифода мекунанд ва мо низ агар ин қоидаро ба итоаткунандагони худ истифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё