Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шумо бояд дар як вақти муайян хабар расонад, ки кор бо тарзи нав иҷро шуда истодааст.

Ҷараёни коммуникатсионӣ гуфта, ин мубодилаи ахборо дар байни ду ё зиёда одамон меноманд.

Мақсади асосии ҷараёни коммуникатсионӣ - таъмин намудани фаҳмиши ахбор, ки предмети асосии мубодила мебошад. Фақат ҳодисаи иваз шудани ахбор ҳанӯз аз самаранокии коммуникатсия кафолат намедиҳад. Аксари мову шумо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба ҳолатҳое гирифтор мешавем, ки байни фарзандон, падару модар, рафиқон ахбор қабул ва иҷро намешавад, гарчанде ки пешакӣ онҳо бо мо ризо буданд.

Дар вақти мубодилаи ахбор ҳарду тараф низ давраҳои муайянро мегузаранд. Вазифаи онҳо - тартиб додани маълумот ва истифодаи бахш барои расонидани ахбор дар шакле, ки барои ҳарду тараф маъқул мебошад.

Ин раванди хеле мураккаб мебошад, чунки ҳар як давраи ахбор нуқтае мебошад, ки ахборро дигар карданаш мумкин, ҳатто тамоман дигар карданаш мумкин мебошад.

Давраҳои раванди коммуникатсионӣ чунин мебошад:

  1. Пайдоиши ақида.

  2. Собит кардан ва интихоби бахш.

  3. Додани ахбор.

  4. Рамзкушой.

Гарчанде ки чунин раванд мумкин аст, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ пайдо гашта амалӣ гардад, лекин мазмуни он хеле раванди мураккаб мебошад ва мо ҳар як давраро дар алоҳидагӣ дида мебароем:

  1. Пайдоиши ақида - мубодилаи ахбор аз пайдоиш ва интихоби ақида сурат гирифта, ахбордиҳанда фикр мекунад, ки кадом ақидаро боиси мубодила гардонад. Мутаассифона, аксари ақидаҳо дар давраи пайдоишашон аз байн мераванд, чунки ахбордиҳанда оид ба мазмун, мантиқ ва тарзи пешниҳоди он пурра фикр намекунад. Мутахассиси соҳаи идоракунӣ - Кит Дэвис доир ба зарурияти давраи 1-ум менависад, ки «Ахбори номувофиқ, аз оне, ки шумо бо овози баланд мегӯед ё ин ки дар қоғази хеле хуб менависед, беҳтар намешавад». Усули асосии ин давра «то он даме ки фикр накардаед, сухан нагӯед». Як
пешина
аз 465
навбатӣ