Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
- Вазъияти халалрасонро аз байн бардоред. Қоғазҳои болои столро аз як ҷой ба ҷойи дигар гузоштан, ё ба тарафи дару тиреза тез-тез нигоҳ кардан дар вақти сӯҳбат нодуруст мебуд.
- Сухангӯйро ҳис кунед. Лаҳзае худро дар ҷои вай тасаввур намоед.
- Дар вақти сухангуии дигарон пуртоқат бошед. Вақтро кам накунед. Сухангӯйро тез-тез набуред.
- Характери худро нишон надиҳед. Шахс дар ҳолати эҳсос фикри дуруст карда наметавонад.
- Дар вақти сӯҳбат баҳсу ва муноқишаро роҳ надиҳед. Баҳс накунед. Дар баҳс шумо бубаред ҳам дар асл бой медиҳед.
- Ба сухангӯй саволҳо диҳед. Сухангӯй хурсанд мешавад, ки ӯро гӯш карданд.
- Хомӯш шавед. Якбора гӯш кардану сухан гуфтан намешавад. Табиат одамро ду гӯш як забон додааст, бо мақсаде, ки бисёр гӯш кунаду кам гап занад.
Ғайр аз шунида тавонистан боз як қатор усулҳое мавҷуд мебошад, ки самаранокии коммуникатсияи байни одамонро таъмин месозад.
-
Муайян сохтани фикру ақида, пеш аз баромад кардан - роҳбар пеш аз он, ки ягон ахборро мебарорад, бояд пурра онро омӯхта, тарафҳои мусбию манфиашро аниқ намояд. Мавзӯъ ва объекти мавзӯъро хеле амиқ омӯзад ва масоилро қабул карда, аз ҷумлабандӣ, ё худ суханҳояш калимаҳои номаълумро бардораду, калимаҳои аниқ гӯяд. Мисол ба сарбухгалтер ба ҷои он супорише, ки «Имконият, ки пайдо шуд, ҳамон дам ҳисоботи моҳи гузаштаро ба ман пешниҳод намоед» Беҳтараш гӯяд, ки «Хуб мешуд, ки пагоҳ саҳар (ё то соати 10) ман ҳисоботи моҳи гузаштаро мегирифтам»
-
Забон, тарзи сухангӯӣ ва оҳанги суханро назорат кардан — ҳамеша ҳаракати онро кунед, ки худро гӯш карда, назорат карда, тавонед, дар ҳолати баръакс бо зарари шумо мебошад. Мавзӯеро интихоб намоед, ки маъною мазмун дошта, барои кори Шумо фоиданок бошад. Якчанд мавзӯъҳоеро дар поён пешниҳод мекунем, ки асосан дар аксарияти корхонаҳо мавзӯъҳои ҳаррӯзаи кории менеҷмент мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё