Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ба коргарон фаҳмонидани вазифаҳо ва тағйироте, ки дар фаъолияти корӣ ба миён меоянд.

  2. Ахбор оиди вазифаҳои нав дар роҳбарият.

  3. Ба роҳбарият фаҳмонидани проблемаҳое, ки Шумо рӯбарӯ омадаед.

  4. Муҳокимаи кори қаноатбахш, ё ғайриқаноатбахш коргарон дар ҳузури онҳо.

  5. Ҳавасмандкунии коргарони пешқадам.

  6. Ахбор барои коргарон оиди ақидаи наве онҳо бояд фикр намоянд.

  7. Фаҳмидани хоҳиши одамон оиди ақоиди шумо.

  8. Ба дигар шӯъбаҳо додани ахбор оиди тағйиротҳое, ки дар шӯъбаи шумо бояд шаванд.

  9. Ахбор ба коргарон оиди мақсадҳои нави корхона.

  10. Ахбор ба котибот оиди корҳои муҳими ҳафтаи ҷорӣ.

  11. Омӯзиши эмпатия ва кушода будан.

Эмпатия – диққат додан ба ҳиссиёти дигар шахсон, яъне омода будан ба он, ки «дар таги пӯсти ӯ дароед». Истифодаи эмпатия дар мубодилаи коммуникатсионӣ аксар маврид имкон медиҳад, ки мо қарори дуруст қабул намоем. Бо воситаи эмпатия мо одамонро дар як муддати кӯтоҳ ростқавл, қоиданок ва донишманд, инчунин дурӯғгӯй, фиребгар, ё иғвоандоз буданашонро дарк мекунем ва вобаста ба хислатҳои ӯ қарор қабул менамоем.

Мисол, аксар одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд такрору бо такрор як мавзӯъро гуфтан гиранд. Дар ин ҳолат мо фақат як роҳи самаранок дорем, бо воситаи мактуби расмӣ суҳбат доштан.

Дигарон бошанд инро намехоҳанд, як гапро як маротиба мегӯянд. Бо ин шахсон мумкин аст, ки суҳбати ғайрирасмӣ ташкил намуда, масъаларо ҳал намоем.

Ситораи мувофиқ дар вақти мубодилаи ахбор суҳбати кушодаи рӯйростро муҳайё месозад.

Роҳбар бояд ҳаракат намояд, ки аз муҳокима ва баҳодиҳии беандеша даст
кашида, доимо бояд ҳодисаро дида, дарк карда ва сарчашмаҳои ӯро омӯхта ба
хулосаи пурмазмуне ояд. Ҳангоми суҳбат сар ҷунбонидан маънои онро

пешина
аз 465
навбатӣ