Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
надорад, ки шумо бо ҳамсӯҳбат пурра ризо ҳастед. Дар ин ҳолат шумо бо фаҳмиш ва дониши худ ризо ҳастед, ки проблемаи корхона ҳал шавад.
- Ҳаракати мубодилаи мутақобили ахборро ташкил намудан.
Якунд роҳи ташкили мубодилаи ахбор вуҷуд дорад.
-
Бо роҳи саволҳо додан, оиди масъалаи муҳокимашуда ва фаҳмидани он ки то чӣ андоза гӯшкунанда онро дарк намудааст.
-
Бо роҳи тасдиқи хоҳиши иҷрои масъала. Баъди муҳокима шумо метавонед, саволҳое диҳед, ки он қадар аниқ ҳал нашудаанд. Мисол аз шунавандае мепурсед, ки «Рафиқ Гулов ба фикри шумо боз кадом роҳи дигари самараноки иҷрои ин масъала мавҷуд аст?» ва ё «Ба фикри шумо ин вазифаро дар чанд давра иҷро кардан мумкин?» ва ҳарду ҳолат роҳбар муайян карда метавонад, ки то чӣ андоза коммуникатсияи байнишахсӣ самаранок ҳаст, ё не.
-
Бо роҳи ташкили назорати иҷрои қисми аввали вазифа, ё супориш.
-
Бо роҳи ташкил намудани қоидаи кории «Дарҳои кушод». Шумо ахбор мерасонед, ки тайёр ҳастед, кадом масъалаи корие, ки набошад, ҳафтае як соат, ё моҳе як маротиба касе хоҳиш дорад метавонад сӯҳбат намояд. Ин сӯҳбатро бояд озод ва рӯйрост гузаронед.
Ҳамаи он масъалаҳои дар боло номбаршуда пеш аз ҳама ба рафтори роҳбарии шумо вобаста аст, ки дар мавзӯи оянда мебинем.
6.4. Ташкили фаъолияти коммуникатсионӣ ва омилҳои халалрасон
Мо ба раванди дигари ҷараёни коммуникатсионӣ яъне ташкили коммуникатсия дар корхона мегузарем. Дар раванди ташкили коммуникатсия дар корхона се равияи асосиро ҷудо мекунанд:
- Ташкили коммуникатсия аз боло ба поён;
- Ташкили коммуникатсия аз поён ба боло.
- Ташкили уфуқии коммуникатсия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё