Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хатогии якум — менеҷерҳо ба ахбори мукаммали зарурӣ мӯҳтоҷ мебошанд.

Олими англис Р.Л. Акофф менависад, ки аксари системаи ахборӣ факту рақамҳо ва фикрҳои тахминиро пешниҳод менамоянд, ки барои менеҷер аллакай камбудӣ пайдо мешавад. Ӯ қайд мекунад, ки аксари маврид менеҷерон ахбори зиёдатие доранд, ки аксаран нолозиманд. Бинобар ин аз миқдори зиёди ахбор истифода бурда наметавонанд ва камбудӣ зоҳир менамоянд. Аз ин хотир зарур мебошад, ки шӯъбаи махсус ахборро тасниф карда, аз ҳама ахбори зарурӣ ва дурустро ба менеҷер пешниҳод намояд.

Хатогии дуюм — менеҷер ба ахборе, ки мехоҳад гирад, зарурат дорад.

Аксари маврид коргарони шӯъбаи ахбор аз менеҷер мепурсанд, ки кадом ахбор зарур аст ва чунин хаёл мекунанд, ки гӯё менеҷерон ҳамаро медонанд. Аммо дар асл на ҳамаи менеҷерон медонанд, ки кадом ахбор барои онҳо лозим аст, бинобар ин доимо ахбори зиёди нолозимеро талаб мекунанд, ки баъдан худашон дар онҳо раҳгум мемонанд. Системаи ахборӣ қисми таркибии идоракунии ташкилӣ ва иқтисодии мо бошад ва ахбори идоравӣ бояд, ки дар корхона бошад ва таҳлил карда шавад.

Хатогии сеюм — чунин қабул шудааст, ки гӯё менеҷер, ки ахбори заруриро гирифт, ҳатман қарори дуруст қабул мекунад.

Аммо дар аксари маврид дар қарори идоракунӣ якчанд вариантҳо пайдо мегардад, ки бояд дар назар дошта бошем.

Хатогии чорум — аксари маврид менеҷерон дар он андеша мебошанд, ки чӣ қадар дӯстони зиёд ва алоқаҳои зиёд дошта бошанд ва маслиҳат гиранд, ҳамон қадар қарори идоракунӣ самаранок мебошад. Аслан гирем, ду корхонае, ки якхела мақсад доранд, ҳаракат мекунанд, ки аз якдигар зиёдтар ахбор дошта, дар бозор фоидаи зиёд гиранд. Бинобар ин сохтори ташкилии идоракунии корхона чунин бояд бошад, ки баъзе нишондиҳандаҳои сифатии кори корхона махфӣ нигоҳ дошта шаванд.

Хатогии панҷум — аксари маврид коргарони шӯъбаи ахбор чунин ақида доранд, ки менеҷерро шарт нест, ки дар бораи раванди коркарди ахбор маълумот дошта бошад. Аммо зарур мебошад, ки менеҷер дар бораи ахбор маълумоти зарурӣ дошта бошад ва дарк карда тавонад, ки ин дуруст аст, ё не.

пешина
аз 465
навбатӣ