Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Проблемаи методологие, ки оид ба таҳлили идоракунӣ ба миён омадааст, ин муайян кардани кулли нишондиҳандаҳое, ки бояд таҳлил карда шаванд.

Тадқиқотчии американӣ Т. Питерс ва Р. Уотерман менависанд, ки «Камбудии таҳлили фаъолияти дохила доир ба қарордоди идоракунӣ дар он аст, ки одамон аксари маврид он нишондиҳандаҳоеро таҳлил мекунанд, ки маълум ҳастанд, он чизе ки маълум нест, диққат намедиҳанд». Технологияи ахборӣ акнун чунин имконият додааст, ки менеҷерон ахбори зиёдеро истифода ва таҳлил намоянд. Инчунин муайян карда шудааст, ки қобилияти одамон барои кардани ахбор маҳдуд мебошад. Иқтисодчии американӣ Герберт А. Саймон, раванди қарори идоракуниро таҳлил карда, ба хулосае меояд, ки «Одамон қариб аксари мавриди ахбор ва маълумоти маҳдудро барои ҳалли масъалаҳо дар ҳисобкунӣ истифода мебаранд».

Аз ин хотир ӯ пешниҳод мекунад, ки «диққати менеҷерро» ҳамчун захираи маҳдуде, ки ба ҷараёни қабули қарори идоракунӣ таъсир мерасонад, қабул намудан мумкин аст.

Бечунучаро ҳангоми таҳлили идоракунӣ пеш аз ҳама сухан дар бораи баҳои иқтидори иқтисодии корхона, муқоисаи он ба дигар ширкатҳо, инчунин муайян кардани мавқеи ширкат дар бозори мол мебошад.

Дар шароити имрӯзаи иқтисоди корхонаҳои Тоҷикистон таҳлили идоракунӣ раванди хеле мураккаб мебошад. Якчанд омилҳое вуҷуд доранд, ки таҳлилро мураккаб мегардонанд:

а) дар аксари корхонаҳо шӯъбаи махсуси таҳлил, ё аудит вуҷуд надорад;

б) аксари маврид ахбори идоракунӣ вуҷуд надорад, чунки дар корхонаҳо баҳисобгирии идоракунӣ бурда намешавад;

в) худи роҳбарияти корхонаҳо хоҳиши таҳлилии қарорҳои идоракуниро надоранд. Чунки хусусияти хоси роҳбарии шарқӣ, ки дар роҳбарони мо дида мешавад, намехоҳанд, ки камбудиҳои роҳбарии онҳо ошкор гардад ва кушода бошад. Як одати шарқӣ амал дорад, ки роҳбар чӣ қадар камбудӣ надошта бошад, ӯро қариб ки танқид намекунанд ва рӯирост намегӯянд.

Дар баробари ин таҷрибаи хориҷиён нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ панҷ гурӯҳи хатогиҳо мавҷуд мебошад, ки дар вақти ахбори таҳлилӣ идоракунӣ содир мешавад:

пешина
аз 465
навбатӣ