Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард ба Салим муроҷиат кард:
– Бародар, ба куҷои Қазоқистон меравед?
Салим ба куҷо рафтанашро гуфт
– Ҳамсафар будаем, ман ҳам ба ҳамон ҷо меравам, шумо он ҷо пештар будаед, ё не? – боз пурсид мард.
– Не, бори аввал.
– Ба меҳмонӣ ё ба кори дигар?
– Ҳамту, сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр гуфтаанд.
– Бисёр нағз, ман раҳнамоӣ мекунам!
– Кошки...
– Аз шумо миннатдор мешавам!
Самолёт пас аз чанд соат ба замин фаромад. Салим ҷомадон дар даст ба тарафи дари баромад рафт ва дар он ҷо ҳамсўҳбаташро нигарон шуд. Дере нагузашта мард дар як дасташ ҷомадони на он қадар калон ва дар дасти дигараш портфел омад.
– Ба ин тараф меравем, – гўён ба истгоҳе, ки одамон мунтазири нақлиёт буданд, равона шуд. Салим ҳамроҳи ў мерафт.
– Роҳамон анча, такси киро кунем, ҳам мешавад, – гуфт мард.
Салим хомўш буд. Мард гумон кард, ки Салим барои додани раҳкиро кудрат надорад. Аз ин рў:
– Роҳкироро ман медиҳам, охир шумо меҳмон-ку! – гуфт
– Барои роҳкиро не, ман ҳамту...
Салим дар хусуси чи хел одам будани ҳамсўҳбаташ, ба ў ягон чизро бовар кардан мумкин ё не, фикр мекард.
– Мебахшед, мо қариб панҷ соат ҳамсўҳбат ҳастему шинос нашудем, номи ман Менглиқул Ҳотамқулов – гуфт мард худро шиносонда.
Салим номи Менглиқулро шунида ҳарчанд дар дилаш ошуб пайдо шуда бошад ҳам, «Номи ман Салим» – гўён худро зуд ба ў шинос карду худ ба худ: – «Ҳамсўҳбатам боз ҳамон Манглиқуле набошад, ки барои ҷустуҷў карданаш ба ин ҷо омадаам! Мумкин, вай набошад? Дар олам Менглиқул кам магар?»
– Канӣ шинед! Меравем! – гуфт Менглиқул ўро ба худ оварда.
Салим аз банди андешаҳо раҳо шуда сар бардошта таксиро дид. Менглиқул аллакай дар мошин буд. Салим дилу бедилон ба кабина даромада паҳлуи Менглиқул нишаст.

пешина
аз 315
навбатӣ