Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Медвед» Маринаро дар ин сару либос дида як табассум карду баъд хитоб кард:
– Кар будӣ магар? Ман сафед гуфтам-ку!
Мария ишвакунон:
– Ҷонакам, худат гуфтӣ-ку, либосҳои бароят маъқуламро пўшам! Ту бошӣ, нўшокии ба ман маъқулро бояд нўшӣ! – гуфта лаълиро ба болои миз монда худаш ба сари зонуи ў нишаста, дастонашро ба гарданаш ҳалқа карда аз лабонаш бўсид.
«Медвед»:
– Хайр, бас! Дар ҷоят шин, бигзор гуфти ту шавад, коняк менўшем! – гуфта Марияро аз худ дур карданӣ шуд.
Мария бошад:
– Ту хам ин чизро акнун гум кунӣ, мешавад, – вай ба чарми болои зерманаҳи ў ишора кард
– Дуруст мегўӣ, ин корро пагоҳ тахт мекунам! – чавоб дод «Медвед».
Баъди он ки ду-се қадаҳ нўшиданд, «Медвед» ҷои хоби нарму мулоимро нишон дода ишорае кард. Мария ҳам маҳтали ҳамин ишора буд, ки зуд либос бадар карда худро ба ҷойгаҳ ҳаво дод.
Аз он ҷо дастонашро ҷумбонда-ҷумбонда «Медвед»-ро сўи хеш кашид. «Медвед» аз ҷой бархоста якта-якта қадам монда ба кат наздик шуд ва якбора худро ба болои Мария ҳаво дод. Мария даст ба тугмаи лампаи болои миз бурд, ки хона торикистон шуд.

Салим ба соат назар кард: «Оҳо, аз ду гузаштааст-ку? Дер монданам мумкин» гўён ҷомадонашро гирифта, ба мошини сабукраве, ки ўро мунтазир буд, нишаст. Мошин ба роҳ баромад. Ним соат пеш аз парвоз ба аэропрот омаданд. Аз мошин фаромада ба назди даромадгоҳе, ки аз он ҷо ба самолёт савор шудан мумкин буд, омада рост истод. Соат понздаҳта кам чор шуда буд, ки овози диктор баланд гардид.
– Ба самолёте, ки бо рейси 484 ба тарафи Алмаато парвоз мекунад, саворшавӣ сар шуд. Аз пассажирон хоҳиш мекунем, аз даромадгоҳи якўм ба перрон бароянд.
Дар самолёт, дар паҳлўи Салим марде менишаст, қадбаланди чорпаҳлў, муғулсимо, дар оринҷи дасти чапаш поёнтар расми зани ба баданаш мор печида холкўбӣ шуда, мўи сараш паст тарошидагӣ буд.

пешина
аз 315
навбатӣ