ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Мошин ба роҳ баромад. Салим ҳамоно фикр мекард. «Агар Менглиқуле, ки ў ҷустуҷў мекунад, ҳамин бошад, пас чӣ бояд кард? Ҳарчи бодо бод, куҷое , ки Менглиқул равад, ман ҳам меравам».
– Ин қадар фикр мекунед, аз афти кор ишқи кадом қазоқдухтари мо шуморо ба ин ҷо овардааст! Ғам нахўред. Акетон бошад, хор намешавед, – Менглиқул дасташро ба болои китфи Салим монд. Салим дар сари китф дасти одамӣ не, ҷисми сардеро ҳис кард, ба баданаш рашъа давид. Лекин худро аз даст надод. Табассуми сохта кард.
– Не, ишқи қазоқдухтар маро ба ин ҷо наовардааст, дигар чиз ба ин ҷо овардааст! – Бо як рафиқ дар он ҷо будем, – вай дасташро кўргиреҳ кард. – Ў ҳоло дар ҳамин ҷо истиқомат мекунад. Телеграмма дода «биё» – гуфтааст.
Ин гап диққати Менглиқулро ба худ ҷалб кард: оҳанги гуфтораш дигар шуд, аз «шумо» ба «ту» гузашт.
– Номи рафиқат чист? – гуфта пурсид:
– Саша Морозов! – гуфт Салим.
– Саша Морозов! Саша? Не нашунидам, намешиносам ўро.
Ҳамин ки ёфтем, баъд шинос мешавем. Исто, ки ту барои чӣ ба он ҷо афтодӣ?
– Ҳамту, бор аввал барои зурӣ ба кор бурдан ба як зан, бори дуюм барои баъзе латта-путтаи дуздӣ, – гуфт Салим.
– Дар ин синну сол аллакай ду бор ба он ҷо афтода бошӣ, кори нағз накардӣ! – хитоб кард Менглиқул.
– Ҷавонӣ-дия! – гуфт Салим.
Мошин ба шаҳр наздик шуда, аз чанд кўча ва паскўча гузашта бо хоҳиши Менглиқул ба назди як бинои сеқабата омада истод.
Менглқул аз мошин ҷомадон ва портфелашро гирифта фаромад.
Ў бо ронанда ҳисобу китоб мекард. Салим ҳамоно дар мошин менишаст. Ў ин корро махсус карда буд, ки Менглиқул агар одами дуруст бошад, пас аз шунидани он, ки ў ду бор аллакай суд шудааст, вайро ба ҳоли худаш мегузорад.
Менглиқул ҳоло ҳам дар мошин нишастани Салимро дида хитоб кард:
– О, ҷўра! Чаро намефароӣ, фаро, расидем!
Салим ҳиҷолатмандона:
– Акнун ба ман иҷозат, ба меҳмонхона меравам, – гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё