Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ман дар ин кўча касеро намешиносам. Танҳо оромиву тозагии он маро ба ин ҷо меорад. Шояд вай каси дигар бошад.
– Шояд. Ў ҳам ба ту монанд аст. Вақте ки гап мезад, ду тарафи рўяш чуқурак мешуд. Айнан худи ту.
Ду чашми шаҳлои сиёҳ, мижгонҳояш низ дароз-дароз буд.
Ман чизе нагуфта, баргаштам, ки равам, вале фарёди ҷонкоҳу боталвосаи ў маро боздошт.
– Фаррух!!
Номи бароям шинос. Вале дар паҳнои беинтиҳои андешаҳо онҳо рўшан надидам, ин ном дар назарам ҳамчу ситораҳои хираи ниҳоят ноаён менамуд. Фаррух! Не ин ҷо бояд чизе бошад.
– Вай ба ту хеле монанд буд. Ў агар аз ин ҷо мегузашт ҳатман Шаҳлоро дўст медошт. Ба роҳаш сарам сафед шуду дидаам мўй гирифт. Аз Фаррух дарак нест. Фаррух барои Шаҳло аз ин ҷо мегузарад, мегўянд. Фаррух!! – Ў аз ду китфонам дошта, сахт такон дод. Ҳайратам торафт зиёдтар мешуду «Фаррух» миёни мавҷҳои туфони хотирам гум. Ин занак маро Фаррух гумон мекунад. Ў кист? Номи ошно.
Ҳеҷ наметавонам, ки ба хотир орам, ки чи касест ва ба ин занак кӣ мешавад.
Занак мешўриду завқ мекард, чу кўдак шодӣ мекард. Фаррух мегуфту рўяш ранг мегирифт, чашмаш нур. Ў дами бехудӣ «фарзандашро» медид. Аввал ман гумон кардам, ки ў дар ҳақиқат девона аст. Вале ин тавр аст, ки ман андешидам набуд. Ў ҳар лаҳза «Фаррух» – гўён шодӣ мекард ва аз китфам сахттар медошт, то ин биниши рўъёиро аз даст надиҳад.
Метарсидам, ки ўро аз ин нишоту шодиаш маҳрум кунам.

пешина
аз 341
навбатӣ