Сояҳои шикаста

Ба худ андешидам, ки бигзор ман Фаррух бошам, то ин зани бечора дигар ранҷ набарад ва меҳри беканори модариашро бароям, ки модарамро ба хотир надорам, биборад. Вале боз андешидам, ки рўзе айши ў аз донистани ҳақиқат хоҳад шуд. Мумкин аст, баъд аз ба ҳақиқат фаҳмиданаш ки ман на фарзанди ўям, дарду аламаш дучандон шавад ва ҳолаш ба ҷое рассад, ҳоло худро аз ў дур кунам, то ки дили озурдаашро наёзорам.
Пас аз сукути дуру дароз ба оташи торафт бологирандаи шодии ў об рехтам:
– Не, модар, ман Фаррух нестам.
Ў як қад парид. Хаёл кардам, ки бо корди сард дилашро сўрох карда, бошам ранги рўяш парид- заъфаронӣ шуд, овозаш ларзид. Боз тез… Пушаймон гаштам, вале сухан чу тир аз паймон ҷаҳида буд.
– Пас ту кистӣ?
– Фарҳод
– Фарҳод? – Ҳеҷ бовар кардан намехост. Метарсид, ки маро аз даст надиҳад, барои ҳамин ҳам бовар кардан намехост.
– Фарҳод? (пауза)…. Не, ў Фаррух буд. Ба ту монанд, тамоман монанд. Себи дукафон барин … овозат ҳам ба мисли ҳамон нидоҳои нафису ширини кўдаконааш . маро фиреб надеҳ, Фаррух! Писарам.
Ў худро ба оғўши ман партофта сарамро дастмол мекард ва якзайл дар ҳолати алоӣ «писарам Фаррух» мегуфт. Ашк аз чашмонаш мерехт. Табассум чу субҳи козиб дар лабонаш падид меомаду боз аз байн мерафт. Дилам таҳ рафт, худро дошта натавонистам, ашкам ба рухсораҳоям рехт. Дилам ба ҳолаш сўхт. Беихтиёр аз қаҳри дилам нидои пурраву гарму ҷушон «модар» бурун ҷаст ва аз талаффузаш даҳонам пур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё