Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Боз табассум чун сапедадам дар лабонаш рух намуд ва маро сахттар ба оғуш кашиду ҳуй-ҳуй гирист.
– Писарам ёфт шуд? Мардум писарам ёфт шуд!...
Ў беист ин суханор такрор мекард.
Ман дигар чӣ кор карданамро намедонистам.
Танҳо як андеша доштам. Наход модар фарзандашро нашиносад. Ё мо ба ҳам ниҳоят монандҳастем. Ҳеҷ мумкин нест, ки як шахс ба шахси дигар ба тарзи шинохтанашаванда монанд бошад.
Не, ҳатто дугоникҳоро модарон аз якдигар фарқ мекунанд. Ё ин занак девона шудагӣ. Охир суханҳояш ҳам телбамонанданд. Ў маро фурсати сухан кардан намедод, ба ман менигаристу менигарист ва бо забони шиква шикоят мекард.
-Фаррух, наход кас модарашро фиреб диҳад. Имрўз навбати ман. Ту ором бош. Нуздаҳсола андўҳро ман ки аз дил барорам. Ист. Лаб накшо.
Ў баланд-баланд хандид, ҳуй- ҳуй гирист.
– Худоё, ин ба хоб аст ё ба бедорӣ. Ҳеҷ ба боварам намеояд.
Мо чанд гоҳ муздтару ҳайрон; яке аз шодиву хурсандӣ ва дигаре аз ҳарату тааҷҷуб дар миёни кўчаи тозаву рўшан ва ором меистодем. Дар сар то сари кўча касе намонда буд ва танҳо садои нидоҳои ин зани бечора шунида мешуду халос. Ба гумонам ў ашк рехтанӣ набуд, вале андўҳу дарду алами гузашта ўро ба гиристан маҷбур мекард. Ў мехост ин дам ва ҳама дам бихандад ва аз лабханди ҷонбахш ба олам нишот бахшад. Вазъияти индамаи ин занаки бечора чунон мураккаб ва берун аз тасвири қалами инсонӣ буд.

пешина
аз 341
навбатӣ