Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў худ низ ч икор карданашро намедонист. Хандаду шодӣ кунад ва ё гиряду андўҳ бо ў дар шодиву ғами худ гумм гашта буд ва бо вуҷуди ин худгумияш сарчашмаи ин нишоту андуҳро шаштаранг медошт.
Ҳаминро медонист, ки маҳз ҳамин фарзанд ўро ба ин ҳол расондааст ва агар ин бори дигар ўро аз даст бидиҳад боз ба ҷаҳони дилгиру пурандўҳи ноумедиву танҳоӣ меафтад. Аз ин рў, бо панҷаҳои лоғару дароз-дарози росташ аз ду китфонам сахт медошт.Ў аз як қадам партофтан ва ҳатто аз хурдтарин ҷунбиш метарсид. Ў дар бедори дидани ин ҳодиса шубҳа дошт ва онро хоб мепиндошт. Ў аз ҷояш ҷунбидан намехост.
– Рафтем.
Ў як қад парид ва бо ҳарос ба рўяш нигарист.
– Ба куҷо?
– Ба хона, боз куҷо мешуд.
– Ҳоло хона меравем?- Шодӣ дар лабаш гул кард.
– Фаррух ин рост аст ё хаёл. Бигўй, ки ман хобам ё бедор.
– Ҳамааш рост аст, мо хона меравем. Ў аз шодӣ меболид ва аз хостам гирифта, пешопеш мерафту маро аз дунболаш кашола мекард. Хайрият,ки дасташ дар дастонам буд, вагарна то ба хона расидан чандин бор пешпо хўрда меафтид. Ҳар лаҳза бо назари имтиҳон нобоварона ба қафояш менигарист.
Бовараш намеомад ва бовар кардан ҳам намехост, ки ман аз пасаш меоям.
Мо вориди дарвозаи кабудчатоб гардидем, ҳавлии васеъ аз нури электрик хеле рўшан буд ва ҳамсояҳо пеш аз ба кор рафтанам таъкид мекунам, ки Фаррух имрўз меояд, то омадани ман ўро маҳтал кунед ва калидҳоро ба ў дода, машғулаш доред.

пешина
аз 341
навбатӣ