Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳар бегоҳ Шаҳло пешам омада, маъюсона наомад мегўяд. Имрўз қасд кардагӣ барин ҳеҷ кас нест. Ё ман хоб дида истодам. Фаррух!
Ў боз нобоварона сару рўям ва китфонамро дастдаст карда таскин ёфт. Мо вориди хона шудем. Биё ман хонаатро нишон диҳам. Ба ин хона ғайр аз Шаҳло дигар кас нафаромадааст. Мардум гумон мекунанд, ки дар ин хона хазинае дидаму онро аз мардум пинҳон медорам. Аҷоиб мардум! Ана дурри ягонаи ман ёфт шуд. Чаро ўро пинҳон кунам. Эй мардум, биёед ва сарвати хазинаи маро тамошо кунед.
– Ў аз шодӣ худро гумм мекард ва аз дилаш ҳар нафас нидои шодӣ бармеомад.
– Ана ин хонаи туст. Аз сўзи дилам тут мегўям.
Дар як гўшаи хона шкафи напанав, топ тоза меистод. Дар гўшаи дигар кровати ороста ва дар барии девор қолини зебо овезон, дар назди тиреза столу стул ва бар болои он радиомагнитафони пўшондашуда меистод. Ў рафта шкафро кушода ба ман сарвати даруниашро боз намуд. Дарунаш аз либоси мардонаву занона пур буд. Аҷибаш ин ки дар он либосҳои ҳар синну сол аз тифли хурдсол то ҷавони баркамол ҷой дошт.
– Инҳо либосҳои арўс. Ана ин дигараш ҳамааш аз ту. Ба умед ҳар рўз бароят чизи нав мекоридам. Ана омадӣ, хуш омадӣ.
Ў гиристан намехост, вале дарду алам ва андўҳи гузашта ўро маҷбур мекард, бо вуҷуди он боз базўр табассум мекард. Ин табассуми ашколуд ба ҳам омехта ба симои гарму заъфаронияш таровати дилчасп мебахшид.

пешина
аз 341
навбатӣ