Сояҳои шикаста

Маро дуруст фаҳмед, охир, ман ҳоло дар курси аввал мехонам. Не.
– Чӣ, магар ишқварзӣ айб аст? Магар инсонҳо дар ин роҳ гунаҳкоранд.
Дигар сухан карда натавонист. Роҳи нафасашро чизе мегирифт. Дилаш боз ба водии беинтиҳои андўҳ афтод: – Чаро? Ба ман фаҳмонед, то ки шуморо фаҳмам.
– Ба фикрам, ҳамаашро гуфтам.
– Ин сабаб шуда наметавонад ё шумо гумон мекунед, ки…
– Не, не, ҳеҷ чиз гумон надорам, илтимос, маро дурусттар фаҳмед
– Ҳеҷ гумон кардед ва андешидед, ки сайди ба доматон буда дар чӣ изтироб аст.
– Бале, ҳамеша андешаи ман ҳамин аҳволи сайд буд. Дигар илоҷе надорам.
– Не, агар шумо меандешидед, ин тавр ба хашм теғ ба гардани сайди бечора намегузоштед ва онро ба олами умедворӣ нимбисмил намегузоштед. Ҳама сайёд сангдидил асту бераҳм, вагарна вай сайёд ном намегирифт.
– Шумо чӣ хел ҷасорат карда, маро сайёди сангдил мегўед? – овозаш меларзид, дар шафақи чароғи сари роҳ чашмони шаҳлояш медурахшиданд, гумон мекард, ки ҳоло гириста меравад.
– Маро бубахшед, ҳеҷ гоҳ чунин гуфтанӣ набудам, вале худи шумо маро ба ин гуфтор водор кардед. Вале аз шумо мепурсам, ки ба ман гўед, охирин фикратон ва хулосаатон ҳамин аст?
– Бале, охирин. Лекин илтимос рост, фаҳмед.
– Медонед, ман бе шумо гаштан наметавонам, худро бе шумо тасаввур карда наметавонам, раҳм кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё