Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Зулфони мораки пурмалоҳаташ чун дили Нодир меларзиданд. Нодир ба умеде, ки ҳозир, ана ҳозир Гулчеҳра суханро сар мекунад, хомўшона роҳ мерафт. Саропояшро арақ пахш карда буд.
Сухан дар дилаш беқарорӣ мекард, хаёл мекард, ки ҳоло лабонашро кафонда, садои дилаш берун меҷаҳад. Худро базўр медошт. Не. Боз ҳамон хомўшӣ. «Мегўям, мегўям. Ҳозир агар ҳозир сар накунад мегўям… ҳозир». Гўё дар танаш дил нею трактор ғуррос мекард. Онҳо ба майдони Куйбишев омада, рў ба сўйи хиёбони Айнӣ ниҳоданд. Рухсораҳои Гулчеҳра чу себи гулобӣ сип-сурх гашта буданд.
– Ба хаёлам шумо мактуби маро гирифтед ва шояд хонда ҳам бошед, – тамоми бори вазнинро аз худ дур карда гуфт Нодир.
– Ҳа, хондам, – чуқур нафас кашида, сарашро бардошта гуфт. Ду зулфи ҳалқа дар баногўшаш ба рақс даромад. Боз сукут. Дугонааш табассуми малеҳ мекард. Ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад ва ё писханд мезад. Нодир ўро зери дил дуои бад мекард, ки кошки ба чунин дарде, ки ман дорам, медидамат. Пас аз хомўшии дуру дароз Нодир боз суханро оғоз кард.
– Мактуби ман шуморо ба хулосае наовард.
Шумо ба ман чизе гуфтанӣ будед.
Гулчеҳра сарашро ба пеш рост карда, андешамандона, оҳ кашида ба дур менигарист.
– Мактубатонро хондам. Илтимос, аз ман наранҷед. Маро дуруст фаҳмед. Шуморо мефаҳмам, вале… медонед, аз тарафи ман ин амал ҳоло беақлии маҳз аст. Агар шумо дар ҷойи ман мебудед, айнан чунин рафтор мекардед.

пешина
аз 341
навбатӣ