Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ақалан каме, як зарра барин ба ман тараҳҳум кунед.
Гулчеҳра чизе гуфта натавонист. Давида рафта, дар паси кўча аз назар ғоиб шуд. Дугонааш ба рўи Нодир пуралам нигариста, хайрухушкунон аз пайи Гулчеҳра рафт. Дар назди ҳайкали устод Айнӣ ба ҷуз Нодир касе набуд. Мошину тролейбусҳо дар рафтуо буданд…
– Ҳеҷ намефаҳмам. Ба фикрам, ғурури духтарӣ иҷозаташ надод, ки тез ризо шавад.
– Акнун чӣ кор карданӣ ҳастӣ? – пурсид бародараш аз Нодир.
– Ман акнун ўро ғайр аз дўст доштан дигар коре намекунам. Ўро дўст медорам, дўст.
– Заб номаъқул накардӣ. Дар хона гаҳворабахшон интизору ту дар ин ҷо ба чӣ кор овора? Бемазагӣ. «Дўст медорам».
– Агар шумо мефаҳмидед, ки ин якчанд дақиқа чӣ андоза рўҳбахш аст, агар медонистед, ки ин ду калима чӣ андоза нашъабахш аст, ҳеҷ гоҳ ба чунин хулоса намеомадед, вале афсўс…
– Охир, ў ҳам базеб аст ва бар замми ин туро дўст медорад.
– Агар Аноҳито бошад ҳам, барои ман қадр надорад. Ман ўро дўст дошта наметавонам. Ва ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки бо ў чӣ тавр зиндагӣ мекарда бошам.
– Охир ишқатро рад кард, боз чӣ мехоҳӣ? Духтари оқила будааст.
– Не. Ҳеҷ гоҳ.
– Мақсади ту фиреб додани ин духтараки бечора, дигар ҳеҷ.

пешина
аз 341
навбатӣ