Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Субҳи ману саҳарам!
Чашми ману назарам!

Тошканд, соли 2013
ДУХТАРАКИ БУХОРӢ

Духтараки бухорӣ,
Сунбулаки баҳорӣ!
Сангакӣ ё сафолӣ?
Ту дил магар надорӣ?!

Нақорот:

Ҷони ману ҷаҳонам,
Ҳамдилу ҳамзабонам!
Ғайри муҳаббати ту
Кори дигар надонам.

Дар шаби беситора
Қалби ҳазорпора
Пора бишуд дубора,
Ман чи кунам, чи чора?!

Ин тур накун хулоса,
Ситора Моҳи Хоса!
Куйдириб бӯлдинг-ку сан
Бечора мани роса!

Нақорот:

Ҷони ману ҷаҳонам,
Ҳамдилу ҳамзабонам!
Ғайри муҳаббати ту
Кори дигар надонам.

Тошканд, соли 2013
ГУЛИ БАҲОРӢ

“Гули баҳорӣ, 143 Бути таторӣ” Чаро зи ҳолам Хабар надорӣ?

Боғи ману баҳорам,
Авҷи ману барорам.
Дар ду ҷаҳон ҳамеша
Ман тура дӯс(т) медорам!

Нақорот:

Ту дар куҷоӣ,
Наменамоӣ?
Таронаи ишқ
Намесароӣ!

Ёр, маро ёр шав,
Мӯнису ғамхор шав!
Ман ба ту дил додаам,
Низ ту дилдор шав!

Ба дилситонӣ
Дилам ситондӣ.
Вале диламро
Чаро нахондӣ?

Реп:

Бе ту нафас, нафас нест,
Орзую ҳавас нест!

Байти устод Абӯадбулло Рӯдакӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ