Ақли бунафш

Олами бекарона
Бе ту ба ҷуз қафас нест!
Маро ту куштӣ,
Тилфона кушта.
Ба СМСАМ
Хат нонавишта...
Нақорот:
Ту дар куҷоӣ,
Наменамоӣ?
Таронаи ишқ
Намесароӣ!
Тошканд, соли 2013
ОҲУ ШУДАМ
Пинҳон будам, пайдо шудам,
Соҳил будам, дарё шудам.
Дар ишқи ту, эй бевафо,
Маҷнун шудам, шайдо шудам.
Аз худ гузаштам, ту шудам,
Бо сеҳри ту ҷоду шудам.
Дар дашти бепоёни Ишқ,
Оҳу шудам, оҳу шудам!
Ҳар чӣ ту гуфтӣ, он шудам,
Соҳиб будам, меҳмон шудам.
Акнун намеёбӣ маро,
Ман аз дигар пиҳон шудам.
Қаҳрӣ шудам, қаҳрӣ шудам,
Рафтам зи деҳ, шаҳрӣ шудам.
Аз Мовароуннаҳри Ишқ
Бигзаштаму баҳрӣ шудам.
Тошканд, соли 2013
ТУ АЗ КУҶО РАСИДАӢ?
Зи даргаҳи муҳаббатам
Чаро ту по кашидаӣ?
Чаро ту риштаро зи ман
Буридаӣ, буридаӣ?
Аз ин замин набудаӣ,
Ту аз само расидаӣ?
Аз ин замон набудаӣ,
Пас, аз куҷо расидаӣ?
Ба қалби ман чӣ рангҳо,
Чӣ нақшҳо кашидаӣ.
Дилам гувоҳӣ медиҳад:
Ту аз Худо расидаӣ!
Нақорот:
Ту аз куҷо, Ту аз куҷо, Ту аз куҷо расидаӣ?
Ту аз Худо, Ту аз Худо, Ту аз Худо расидаӣ!
Ба чашми хаста хоби ман
Ту будию наёмадӣ.
Саҳар шуд, офтоби ман
Ту будию наёмадӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё