Ақли бунафш

Суоли беҷавоби ман
Ту будию наёмадӣ.
Гуноҳи ман, савоби ман
Ту будию наёмадӣ!
Хаёл мекашад маро
Ба сӯйи ту, ба сӯйи ту.
Ва бӯса мезанад дилам
Ба чашми ту, ба рӯйи ту.
Азизи ман, куҷостӣ?
Куҷост, гӯй, кӯйи ту?
Куҷо равам, куҷо равам,
Куҷо ба ҷустуҷӯйи ту?
Нақорот:
Ту аз куҷо, Ту аз куҷо, Ту аз куҷо расидаӣ?
Ту аз Худо, Ту аз Худо, Ту аз Худо расидаӣ!
Тошканд, 11 апрели соли 2014
ЧУ ҲАЗОРИ НАҒМАОЙИН
Ту дар ин сарои фонӣ
На чунин ҷавон бимонӣ,
Зи сарои осмонӣ
Ту баро, баро, нигорам!
Ту баҳонаро фурӯ ҳил,
Зи ғурури хеш бигсил!
Ва зи аспи кибри ҷоҳил,
Ту фаро, фаро, нигорам!
Чу ҳазори нағмаойин,
Зи фасонаҳои ширин,
Ба ҳавои сози дерин,
Ту саро, саро, нигорам!
Тошканд, соли 2015
ТАРОНАИ САМИР
Дил додаам, азизам,
Бар ҳусни беназират.
Боре биёву банде
Бикшо аз ин асират.
Ин шоми беситора,
Дил гашта пора-пора.
Ҳаҷри ту мефишорад,
Дилро чу санги хора.
Бе рӯйи ту, азизам,
Ин шаб қамар надорад.
Бе чашми меҳрубонат,
Ин шаб саҳар надорад.
Дар ишқи ту адоям,
Зеро зи ту ҷудоям.
Умре бишуд, гирифтор,
Бар дарди бедавоям.
Чашмони меҳрубонат,
Аз ман чаро рамида?
Ё лаҳзаи ҷудоӣ,
Дар байнамон расида?
Дарро ба ман бубастӣ,
Қалби маро шикастӣ.
Бо ин шикастабандӣ,
Аслан ту худ кӣ ҳастӣ?
Акнун чу барг резам,
Шӯридадил, ситезам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё