Ақли бунафш

Бо ин фироқи ҷонсӯз,
Аз худ куҷо гурезам?
Дил додаам, азизам,
Бар ҳусни беназират.
Боре биёву лутфе
Бинмо ба ин Самират.
Тошканд, 4 майи соли 2016
АЗИЗАМ
Бо садои хонандаи маъруфи ӯзбек
Анвар Ғаниев
Бигӯ ба ман: кӣ ҳастӣ, азизам, азизам?
Чашми маро бубастӣ, азизам, азизам!
Пешаи ту магар буд шикастан, шикастан?
Қалби маро шикастӣ, азизам, азизам!
Субҳи маро сафое намонда,
Дарди маро давое намонда.
Куҷо равам зи дастат, чӣ чора?
Аз ту ба ҷуз ҷафое намонда.
Дилам сӯзад ба ёдат, ҷони ман, ҷони ман,
Ёд кардаам туро, ҷонони ман!
Бозам дилам бисӯзад ба ёдат, ба ёдат,
Шаб то саҳар фурӯзад ба ёдат, ба ёдат.
Шояд дубора васлат диҳад даст, диҳад даст,
Дида ба раҳ бидӯзад ба ёдат, ба ёдат!
Аз ҳар тарона ояд садоят,
Аз ҳар наво бирезад навоят.
Ин сар ҳамеша бодо ба поят,
Ин ҷони ман фидоят, фидоят!
Дилам сӯзад ба ёдат, ҷони ман, ҷони ман,
Ёд кардаам туро, ҷонони ман!
Ҷонам фидо, куҷоӣ, гули ман, гули ман,
Чаро ту бевафоӣ, гули ман, гули ман!
Аз ман макун ҷудоӣ, гули ман, гули ман,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё