Ақли бунафш

Волаву ҳайронат шудам ман,
Дар банди ҳиҷронат шудам ман,
Юсуфи Канъонат шудам ман,
Пазмони пазмонат шудам ман.
Дилам сӯзад ба ёдат, ҷони ман, ҷони ман,
Ёд кардаам туро, ҷонони ман!
Тошканд, 15 июни соли 2016
МУРҒИ ҲУМО БА САР
Тоҷикдухтарам, Ўзбекистониям, Хушбахт дар бари ёрони ҷониям.
Хуршед шӯълавар, Мурғи Ҳумо ба сар, Шодона бигзарад даври ҷавониям.
Монад ба ҷовидон Ўзбекистони мо, Дар сафҳаи Ватан ному нишони мо!
Аз боғи дӯстиӣ гул чида омадам, Бо бахти хештан болида омадам.
Дил метапад ба шавқ, аз мавҷи орзӯ, Сад шӯълаи умед дар дида, омадам.
Монад ба ҷовидон Ӯзбекистони мо, Дар сафҳаи Ватан ному нишони мо!
Дар ҳалқаи милал эмин зи ҳар халал, Хурсанду хуррамам, бо шеъру бо ғазал.
Пайванди тоҷикон бо ӯзбекон бувад, Собит ва устувор аз давраи азал.
Монад ба ҷовидон Ўзбекистони мо, Дар сафҳаи Ватан ному нишони мо!
Тошканд, соли 2020

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё